Палатаи поёнии парлумон тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон»-ро бидуни баррасӣ ва якдилона ҷонибдорӣ намуд.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала вакмл Абдуҳалим Ғаффоров изҳор намуд, ки моҳияти тағйироту иловаҳои мазкур чунин аст: ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерҳо)-и ҷумҳурӣ уҳдадор мешаванд, ки бо дархости волидон ба онҳо дар бораи ба кадом сомонаҳо ворид шудани фарзандонашон дар шабакаи Интернет бепул маълумот пешниҳод намоянд.

Зимнан зикр гардид, ки ин тағйироту иловаҳо ба пешгирии кӯдакон аз пайвастан ба сафҳои созмонҳои террористиву ифротгаро, муҳофизати онҳо аз зӯроварӣ ва безавқӣ нигаронида шудаанд.