Мутахассиси IT-и тоҷик Фаррух Охунов замимаи «Курс сомони» (Қурби сомонӣ)-ро таҳия намуд, ки дар реҷаи он-лайн кор карда, таносуби пули миллӣ ба асъори хориҷиро инъикос мекунад. Замимаи мазкур таври ройгон дар Play Маркет аз 1 март дастрас аст.

Фаррух Охунов мегӯяд, замима дар бораи қурби арзи миллӣ нисбат ба доллар, евро ва рубл, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар бонкҳои кишвар муқаррар шудааст, маълумоти тозаву навтарин пешниҳод мекунад.

Ҳамчунин ин замима ба табодули маълумот дар бораи хариду фурӯши асъор дар шаҳрҳову бонкҳо, бо кадом қурб харидани асъор ё ғайриимкон будани харидории он имкон медиҳад.

Дар замима доир ба бонкҳо, нишонии макони дафтарҳои кории асосӣ, филиалҳо, сомонаҳои расмӣ, почтаҳои электронӣ ва рақамҳои телефонҳои онҳо маълумот дарёфт кардан мумкин аст.

Қобили зикр аст, ки мутахассисони тоҷик бори нахуст замима дар бораи қурби пули миллиро таҳия карданд. Қаблан дар Play Маркет замимаҳое мавҷуд буданд, ки аз иқтибосҳои қонунгузории Тоҷикистон, китобҳои шоирону нависандагони тоҷик иборат буданд.