Дар охири асри XX ва аввали асри XXI дар минтақаҳои гуногуни олам тағйиротҳои куллии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ ба амал омаданд. Пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва аз байн рафтани сотсиализм, ташкили давлатҳои нав ба тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт таъсир расонид. Байни сокинони наздисарҳадии Тоҷикистон ва Кирғизистон барои тақсимоти об ва чарогоҳ якчанд маротиба муноқишаҳо ба вуҷуд омаданд.
Барои ҳалли масъалаҳои наздисарҳадӣ коммиссияи давлатӣ аз ҳарду ҷониб ташкил карда шуда, барои аз байн будани муноқишаҳо дар сарҳад нақша-чорабиниҳо тартиб дода шуда, фаъолияти мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳалли муаммоҳои ҷойдошта пурзур гардонида шуданд ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ барои аз байн бурдани муноқишаҳо роҳандозӣ гардиданд.
Инчунин аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятӣ лоиҳаҳои гуногун дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ амалӣ мегарданд. Аз ҷумла лоиҳаи «Сулҳ ва ҳамкорӣ аз мо оғоз меёбад», аз ҷониби Хазинаи Кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид UNICEF маблағгузорӣ шуда, аз тарафи Ташкилоти Ҷамъиятии «Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров ва шаҳри Исфара, инчунин Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд, ва ноҳияҳои хосторӣ, Раёсати маорифи вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои номбурда амалӣ гардида истодааст.
Лоиҳаи мазкур аз моҳи октябри соли 2016 то моҳи июни соли 2017 дар ҷамоатҳои мақсаднок, яъне Овчи-Қалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҷамоатҳои Ворух, Лаккон, Сурх, Чоркух, деҳаҳои Сомониён ва Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара тадбиқ карда мешавад.
Мақсади асосии лоиҳаи мазкур, ин ҷалби наврасон ва ҷавонони ҷамоатҳои мақсаднок ба якчанд чорабиниҳо барои бунёди муносибатҳои боварӣ бо роҳи имконияти вуруди ҷомеа ва корҳои ихтиёрӣ ва дӯстию ҳамкории наврасону ҷавонони минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад.
Вазифаҳои лоиҳа ин ҷалби наврасон ва ҷавонони синашон аз 14 то 20 солаи ҷамоатҳои мақсаднок ба якчанд чорабиниҳо барои бунёди муносибатҳои боварӣ, муоширати дӯстонаи байни ҷамоатҳо ва тақвияти дӯстӣ байни сокинони он бо иштироки фаъоли наврасон бо воситаи гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва варзишӣ, баррасӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли проблемаҳо, таҳкими таҳаммулпазирии байни-этникӣ ва ҳамкории ҷавонони ҷамоатҳои наздисарҳадӣ ва инъикоси он тавассути ВАО, гузаронидани вохӯриҳо, семинарҳо барои наврасон ва ҷавонон, инчунин баланд бардоштани потенсиали 30 нафар муаллимони мактаб оид ба малакаҳои ҳаётӣ ва омӯзонидани ин малакаҳо ба 600 нафар наврасон дар соатҳои тарбиявӣ ва ғайраҳо мебошад.
Дар ҳамаи чорабиниҳои маърифатӣ, фарҳангӣ ва варзишии гузаронидашуда наврасону ҷавонон фаъолона иштирок намуда, дар навиштаҳо ва роликҳои омоданамудаи худ нисбати муҳим будани лоиҳаи мазкур ва мустаҳкам намудани дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни наврасон ва ҷавонони давлатҳои ҳамсарҳад ва аз байн бурдани муноқишаҳои наздисарҳадӣ андешаҳояшонро баён намуданд. Дар пайнавишт хостем андешаҳои якчанд нафар иштирокчиёни лоиҳаро бе тағйир ҷой диҳем.
Абӯбакр Абдуллоев хонандаи МТМУ№56 ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара навиштаҳои худро таҳти унвони “Дӯстиву некӣ неъмати бебаҳост” чунин иброз медорад.
“Имрӯз ба муносибати дӯстонаи Тоҷикистону Қирғизистон назар меандозаму аз шодӣ меболам. Чӣ хушбахтист. Вақто, ки саҳифаи хотирамро варақгардон менамоям, даҳшат, чӣ қадар рӯзҳои сахтро паси сар намудем.
Аз деҳаи мо - Сурх, канали об ҷорӣ аст, ки Исфара ном дорад. Ин канал аз Қирғизистон ба самти Тоҷикистон мерезад. Соли гузашта аз ҷониби Қирғизистон роҳи канали обро бастанд. Миллатҳо гумроҳ гашта, дар натиҷа, байни халқ ҷангу ҷидол ба амал омад ва ҳатто якчанд афсарон ҷароҳатҳои вазнин гирифтанд. Сокинон яке ба Руссия, дигаре ба Хуҷанд ва саввумин ба маркази Исфара гурехтанд. Нафароне, ки дар хона монданд, ба ҳарос афтоданд. Шабҳо мардони деҳаи мо бо афсарон ҷасурона ба кӯҳ баромада моро муҳофизат мекарданд. Дар маҳаллаи мо танҳо 7-8 оила боқӣ монда, ҷуръати ба кӯча баромаданро надоштанд....
Ниҳоят дӯстии чандасраи ду кишвари ҳамсоя пас аз низоъҳои бемаъно аз нав барқарор шуданд... Баъд аз ин ҳодисаҳо ман маънои "Сулҳ" - ро дарк кардам. Камина, акнун арзиши суханҳои бобову бибиамро, ки дар сари дастурхон мегӯянд: “Худоё, сулҳ пойдор бошад, тинҷиву амонӣ бошад, инсонҳо дӯст бошанд” фаҳмидам.
Ҳасан Ҳомидов хонандаи мактаби №39 деҳаи Лаккон дар навиштаҳои худ бо номи “Пайвастагии ду миллат” чунин андешаронӣ мекунад.
“Ман дар дехаи Лаккон зиндагӣ мекунам. Деҳаи мо дар сарьад бо Қирғизистон ҷойгир мебошад. Алоқаи мо бо хамсояҳо хуб аст. Оби нӯшокӣ ба деҳа аз Қирғизистон ҷорӣ мешавад. Мо бо қирғизҳо бештар дар муносибати тиҷоратӣ қарор дорем. Инчунин ҳамҷоя чорабиниҳои варзишию фархангӣ баргузор мекунем. Баъди сафарҳои пайваста ба Қиргизистон ба хулосае омадам, ки мо мардуми ҳарду кишвар аз лиҳози маданияту маърифат монанд ҳастем. Миллати қирғиз меҳмондӯст буда, моро доимо бо чеҳраи кушод пешвоз мегиранд.
Ман дар хотир дорам, ки чанд сол қабл байни мо ва ҳамсояҳо нофаҳмии кӯчак ба амал омада, деҳаи мо қариб чаҳор моҳ бе оби нушокӣ монд. Дар ҳамон лаҳзаҳо доир ба кирғизҳо андешаи саросемавор кардаам, зеро ҳангоми сафарҳои охир ба кишвари Қирғизистон фикри ман нисбат ба ин миллат ба таври мусбат тағйир ёфт. Ҳатто ба дӯстонам, таасуротҳои сафарро нақл кардам.
Дӯстии байни халкҳо - Сайхона ва АминаАйни замон аз Қирғизистон дӯстони зиёд дорам. Дар рӯзҳои истироҳат онҳо ба деҳаи мо ё ин ки мо ба деҳаи онҳо барои иштирок дар бозиҳои варзишӣ меравем. То ин рӯз ман дар шумораи бисёри чорабиниҳои ҳамҷояи Тоҷикистону Қирғизистон ширкат намудаам. Ман мехоҳам, ки робитаи ин ду миллат боз ҳам мустаҳкамтар гардад. Аз он сабаб, ки мо як инсон ҳастем, аз як дарё об менушем, аз як ҳаво нафас мекашем”.
Сулаймон Азизов хонандаи мактаби №56 ҷамоати Сурх чунин менависад
“Мо ду давлати бародар ҳастем. Солҳое, буданд, ки аз тарси як тири дайду наметавонистем баъд аз фаро расидани шом қадаме дуртар аз хона бароем. На танҳо баъд аз шом, балки дар рӯзи равшан низ аз сайругашт метарсидем. Дар деҳа, дар шабҳои хунуки зимистон 20-22 нафар мардҳо баҳри муҳофизати оилаи худ ба ду гурӯҳ ҷудо мешуданд. Падари ман низ дар ҷумлаи онҳо буд.
Хушбахтона чунин вазъият бартараф шудааст. Алъон дӯстии байни ин ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар хеле мустаҳкам мегардад. Имрӯз тоҷику қирғиз ба мисли ду дасти як инсон кӯмакрасони ҳамдигар ҳастанд”.
Ҳомидҷон Ҳусейнов хонандаи мактаби №39 деҳаи Лаккон таассуротҳои худро чунин менависад.
“Ман дар ҷамоати Лаккони ноҳияи Исфара зиндагонӣ мекунам. Лаккон ҷамоати хурд аст. Дар ин минтақа зиёда аз 7.5 ҳазор нафар аҳолӣ ҷойгир аст. Лаккон бо Қирғизистон ҳамсарҳад аст. Муносибати мо бо ҳамсояҳо хуб аст. Бонувони мо ба Қирғизистон ба кор мебароянд. Дар ҳамсоякишвар ҳатто якчанд хешу ақрабои мо зиндагонӣ мекунанд.
Ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар Лаккон бозор баргузор мешавад. Қирғизҳо низ ҳар гуна молу маҳсулоташонро оварда мефурӯшанд ва аз мо маҳсулоти заруриашонро харидорӣ менамоянд. Мо ба панҷшанбебозори Қирғизистон низ меравем. Дар байни Лаккону Чонктала вохуриҳои дӯстона пайваста ташкил мешаванд. Мусобиқаҳои футболу волейбол баргузор мегарданд. Соли гузашта, дар Лаккон оши дӯстӣ ташкил шуд ва дӯстони қирғиз меҳмони деҳаи мо гаштанд. Ҳоло ҳамкории мо хуб аст, барои боз ҳам беҳтар кардани муносибатҳо ҷавонони ду ҷониб, яъне мо бояд кӯшиш намоем, зеро дӯстӣ ба нафъи ин ду давлати ҳамсоя аст. Хуллас, мо аз қадим фарҳангу маданияти наздик дорему дӯстона зиндагӣ мекунем. Чаро имрӯз ҷудо бошем. Мо ҳатман дӯстии бобову бобокалонҳоямонро ҷовидонӣ нигаҳ медорем. Зинда бод дӯстӣ”!!!
Парвина Ҷумаева хонандаи мактаби 34 деҳаи Хистеварз менависад, ки мо сарҳад надорем.
“Ман дар ҷамоати деҳоти Хистеварз зиндагӣ мекунам. Ҷамоати мо хело калон буда, зиёда аз 60 ҳазор аҳолӣ дорад. бо деҳаҳои Арқа 1, Арқа 2 Қирғизистон ҳамсарҳад аст. Робита байни ду давлати ба ҳам дӯсту бародар хело хуб мебошад. Мо бе ягон мамоният метавонем ба Арқа сафар кунем ва инчунин онҳо низ ба деҳаи мо ташриф меоранд.
Сешанбебозор дар Арқа ҷойгир шуда, дар он ҳам қиргизҳо ва ҳам тоҷикон ба савдо машғул ҳастанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мо якдигарфаҳмиро ба худ меписандем ва таҳаммулпазир ҳастем. Боре дар сарҳади мо низоъ ё нофаҳмӣ ба амал наомадааст ва нахоҳад шуд.
Пайваста насли имрӯзи ҳарду кишвар бозиҳои гуногуни варзишӣ доир менамоянд, ки ин аз дӯстии ҷавонон шаҳодат медиҳад. Имрӯз ин дӯстӣ боиси илҳомбахши рӯҳу ҷони мардум гаштааст”.
Мавзуна Насимбоева хонандаи мактаби №3 шаҳри Исфара, деҳаи Ворух дар навиштаҳои худ таҳти унвони “Мо муқобили низоъ ҳастем” чунин андешарони мекунад.
“Ман дар деҳаи Ворух зиндагӣ мекунам. Шумораи аҳолии деҳа аз 32-ҳазор зиёдтар мебошад. Аз чаҳор тараф моро ҳамсояамон қирғизҳо иҳота кардаанд.
Рӯзҳое буданд, ки роҳи ягонаи Ворух ки деҳаро бо дигар шаҳрҳои Тоҷикистон мепайваст, баста буд. Дар натиҷа мардум аз деҳа баромада наметавонистанд. Имрӯз қирғизу тоҷик муносибати дӯстонаро доранду бо иттифоқ зиндагонӣ мекунанд. Муносибатҳои тиҷоратии ҳарду кишвар риштаи дӯстии ҳарду миллатро бо ҳам устувор мекунад.
Мо мардуми дӯст муқобили низоъ ҳастем!!!
Маллаев Низомиддин, аз деҳаи Хоча- Аъло дар навиштаҳои худ чунин андешаронӣ менамояд.
“Вакте ки ман дар семинари асосхои журналистика иштирок кардам, яке аз шабхо баъди ба итмом расидани барномаи рӯзона мо дар якчоягӣ нишастем ва суҳбат кардем. Ҳама ягон таассуроти хешро оиди сафар ба макони мо баён мекарданд. Дӯстони навам гуфтанд, ки Тоҷикистон ба мо хеле писанд омад. Дар ин ҷо ман низ ба ёд овардам, ки чи хел ба ноҳияи Баткенти Ҷумҳурии Қирғизистон як сол пеш сафар доштам. Ҳиссиёти хешро оиди ин сафар нақл кардам. Ман ба онҳо гуфтам, ки вақте ман ба Баткен рафтам бо гули «Айгул» шинос шудам. «Айгул» бошад фақат дар Баткен меруидаасту халос. Вақте ман дар он ҷо будам як нафар аз сокини маҳаллӣ хикояеро накл карданд: Айгул гуфтани духтар як ҷавонписарро дӯст медоштааст. Он писар бошад ба ҷанг меравад ва дар он ҷо халок мегардад. Духтар бошад ин хабарро шунида худро аз болои кӯҳ мепартояд.
Аз ҳамон рӯзҳо сар карда дар он ҷо ин гулҳо меруйидаанд. Ин ҳикоя ману дӯстони навамро боз наздиктар кард. Ман дар рафти сӯҳбат аз як муаллимае, ки аз Қирғизистон омада буд, пурсидам: Муаллима! Оё Шумо дар бораи ин гул ягон маълумот доред? Муаллима ба ман ҷавоб доданд, ки бале ман маълумот дорам вале ин маълумот кам аст .
Ба фикри Шумо ин гул танҳо дар Қирғизистон мерӯяд ?
- Бале ман шунида будам, ки ҳатто тухми ин гулро гирифта парвариш кардани буданд аммо нашуд
Ба фикри шумо сабаб дар чӣ бошад?
- Шояд аз рӯи иқлим бошад гуфту як лаҳза ба фикр рафт. Ман саволи охиронамро додам. Бо фаҳмиши Шумо ин гул нишонаи дӯстии халқҳо шуда метавонад?
- Агар ин гул нишонаи дӯсти шавад ман бисёр хурсанд мешавам. Ман ин гулро дидам…. Маънои Айгул- ин гули маҳтоб аст, агар шумо хоҳед, эҳсосоти маро ҳис кунед, боре сӯи маҳтоб нигаред. Маҳтоб ягона аст, лекин ба ҳар яки мо якхела равшани медиҳад… маҳтоб маҳтоби қирғизу- маҳтоби тоҷик шуда наметавонад…
Ин андешаҳои наврасону ҷавонон хеле самими буда, мо насли калонсолро ба андеша водор мекунад, ки барои мустаҳкам гаштани дӯстиву ҳамдилӣ ва устувории он дар оянда саҳмгузор бошем ва нагузорем, ки байни миллатҳои мо муноқиша сар занад.
Шиори ҳамаи инсонҳо бояд ин суханони Хоҷа Ҳофиз бошад, ки хеле ба маврид фармуда:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душмани баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Лоиҳаи «Сулҳ ва ҳамкорӣ аз мо оғоз меёбад», аз ҷониби Хазинаи Кӯдакони созмони Миллали Муттаҳид UNICEF маблағгузорӣ шуда, аз тарафи Ташкилоти Ҷамъиятии «Ассотсиатсия зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон» амалӣ гардида истодааст.



Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста