Дар боғи Братеевски шаҳри Маскав рӯзҳои истироҳат Фестивали байнулмилалии мушакпарронӣ (фейерверкҳо)-и «Ростех-2017» доир гардид.

Барномаҳои мушакпаррониро соҳибкасбон аз Япония, Арманистон, Австрия ва Руминия намоиш дода, даҳҳо ҳазор нафар тамошобинон аз он баҳра бурданд. Муддати ду соат ҳудуди 60 ҳазор мушак ба фазо партофта шуд.