Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз, 13-уми май дар мамлакат 801 нафар бо ташхиси сирояти коронавирус ошкор шуда, 23 кас бар асари он фавтидаанд.

“Ҳамзамон то имрӯз дар муассисаҳои табобатии кишвар 4148 кас зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 547 нафар пас аз шифо ёфтан аз муассисаҳои тандурустӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд”, - хабар додааст вазорат.

Сарфи назар аз он, ки дар шабонарӯзи гузашта якчанд нафар дар беморхонаҳои Тоҷикистон вафот карданд, маълумоти расмӣ оид ба теъдоди фавтидагон тағйир наёфтааст – 23 кас.

Дар рӯйхати шахсони аз COVID-19 ва “илтиҳоби шуш” фавтидаи сомонаи kvtj.info (Коронавирус Тоҷикистон), ки мардуми кишвар дар он ному насаб, рӯзи вафот, шаҳру минтақа, синну соли фавтидагон ва сарчашмаи маълумот оид ба онҳоро ҷойгир мекунанд, то лаҳзаи нашри ин хабар қариб 190 кас зикр шудаанд.

Аммо дар Вазорати тандурустӣ мегӯянд, ки маълумоти ин сомона саҳеҳ нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.