Рӯзи панҷшанбеи гузашта, 21 май ихтиёриёни “Азия-Плюс” аввалин кумаки башардӯстонаро ба Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода бурданд. Кумак аз 20 маҷмӯи воситаҳои муҳофизати инфиродӣ (либоси муҳофизатӣ, респиратор ва бахилҳо), ки бо 2030 сомонӣ маблағҳои хайрияи фиристодаи хонандагони мо харида шуд, иборат буд.
Ба ҷуз воситаҳои муҳофизати инфиродӣ, ба 200 нафар ҳайати кормандон ва беморони ин муассиса мо аз супермаркети “Пайкар” оши палав бурдем. Ташккури зиёд ба онҳо!
Имрӯз ба шариконамон – гурӯҳи ихтиёриён аз вилояти Суғд - «Операция СИЗ Худжанд» (Амалиёти ВМИ Хуҷанд) низ 5000 сомонӣ маблағ фиристода мешавад.
Ҳисоботи онҳоро дар бораи хароҷоти маблағ мо рӯзҳои наздик нашр мекунем. Акнун навбати кумак ба шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар мерасад.
Боз як хушхабар. Имрӯз яке аз хонандагони тоҷири мо ба ҳамёни маблағи умумӣ хайри саховатмандона карда, 20 ҳазор сомонӣ пул гузаронид.
Ба ин тариқ, дар суратҳисобҳои #asiaplus4tajikistan то имрӯз 40221,7 сомонӣ ҷамъ шуд. Ҷамъоварии маблағ идома дорад!
Суратҳисобҳои мо:
Ҳамёни Alif mobi: +992987203939
Суратҳисоб дар Alif Bank (корти миллӣ): 5058 2702 8051 0909
Тариқи сомона: www.intiqol.tj (ҳама гуна кортҳои Русия)
PayPal: [email protected]
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.