Коршиносони “диванӣ” нафаронеанд, ки худро ҳамадон мегиранд. Фикр мекунанд, ки зирактарин шахс буда, саводи кофӣ ва дарки мавзӯи баҳсшавандаро соҳибанд. Дар асл онҳо аз мавзуи баҳсшаванда фарсахҳо дуранд. Ба ибораи дигар, онҳоро метавон нафарони камсавод ва ё бесавод гуфт.

Нишонаҳои асосӣ:

1. Бовари комил ба ҳақ будани худ ва ҳамзамон доштани эътимод, ки нафари дигар хато мекунанд.

2. Ҳама далелҳои овардаи шахсони дигарро рад мекунанд ва танҳо ба далелҳои худ бовар доранд.

3. Ин гуна "коршинос" бо истифода аз Интернет далелҳои баҳсбарангез (аз ҷумла носанҷида) меорад ва танҳо дар асоси онҳо мавқеи худро муайяну мустаҳкам менамояд.

4. Онҳо мутмаинанд, ки аз телевизор наметавон ягон маълумоти кофиро дарёфт кард.

5. Радио ва рӯзномаҳо ҳама дуруғ менависанд.

6. Онҳо доимо дар ҳолати норозигӣ қарор доранд.

7. Мавзӯъҳои дӯстдоштаи коршиноси “диванӣ” инҳоянд: сиёсат, дин ва ҳама гуна рӯйдодҳо.

Либерализм ва коршиноси “диванӣ” ду мафҳуми ҷудонашаванда мебошанд. Ҷойгоҳи мутахассисони “диванӣ” интернет мебошад.

Коршиносони “диванӣ” аксар вақт чунин мешуморанд, ки ВАО-и мустақил аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ маблағгузорӣ мешаванд. 

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ! таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ! дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонедБидон, чиро мебинӣ!