Ба Китобхонаҳои марказии ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Дарвоз, Ванҷ, Ишкошим, Роштқалъа ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон китобҳои нав тақдим карда шуданд.

Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ба китобхонаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии минтақава дар маҷмӯъ ҳудуди 3 ҳазору 440 нусха китобҳои тозанашр дода шуданд.

Гуфта мешавад, арзиши умумии китобҳои тозанашри тақдимшуда 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар доираи амалисозии “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”рӯзи 19 август ба маркази маъмурии вилоят - шаҳри Хоруғ Корвони фарҳангии китоб ворид гардида, ҳамзамон намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар намоиш-фурӯши китоб зиёда аз 530 номгӯй адабиётҳои илмӣ, соҳавӣ, сиёсӣ, тиббӣ, бадеӣ, бачагона аз осори адибони классику муосир ва ҷаҳон пешниҳод гардид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.