Бо гузашти ду моҳ аз даргириҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки даҳҳо куштаву садҳо захмӣ дар пай дошт, ҷомеаи Тоҷикистон дар бораи теъдоди дақиқи қурбониён иттилоъ надоранд ва намедонанд, ки дар ин муноқишаи марзӣ чанд нафар сокини осоишта ва чанд нафар низомиён қурбон шуданд.

Ҳамчунин, ҳоло ҷомеаи кишвар дақиқ намедонанд, ки ба бозмондагони курбониёни ин низоъ чӣ гуна кӯмакҳо ироа гардидааст. Танҳо мақомоти алоҳида бо нашри хабарҳо дар саҳифаҳои худ аз кӯмак ба оилаи қурбониён хабар медиҳанд.

“Азия-Плюс” пайвандони ду нафар сарбози тоҷикро, ки дар низои ахири марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон қурбон шуданд, пайдо кард ва аз кӯмакҳову ҷуброни барояшон ироашуда пурсид.

“Кӯмак карданд ва дар паҳлӯямон буданд”

Момагул Мирзоева, модари Шуҳратҷон Наҷмиддинов, муовини сардори шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара, ки дар низои марзӣ қурбон гардид, мегӯяд, пас аз даргузашти писараш мақомоти қудративу интизомии кишвар ба хонааш рафтаанд ва кӯмакҳои пулии яквақта ҳам кардаанд.

“Аз ҳамаи мақомоти қудративу интизомӣ, ҳамчунин ҳамкоронаш ба хона омада, ҳамдардӣ баён мекарданд ва то ҳол меоянду аз ҳоли мо хабар мегиранд. Аз ВКД чанд нафар хона омадаанд ва ба дасти шавҳарам 10 ҳазор сомонӣ додаанд, аз дастгоҳи раиси вилояти Суғд 10 ҳазор сомонӣ кӯмак карданд, аз дастгоҳи раиси вилояти Хатлон 5 ҳазор сомонӣ ёрдам намуданд”, - мегӯяд Момагул Мирзоева.

Илова бар ин, ба хонаводаи Шуҳратҷон Наҷмиддинов ҳукумати ноҳия Ховалинг 5 ҳазор сомонӣ, шаҳри Исфара 5 ҳазор сомонӣ ва идораи муфтиёти кишвар 3 ҳазор сомонӣ ва як гӯсфанд тақдим намудаанд.

Момагул Мирзоева мегӯяд, ки ҳарчанд аз даст додани фарзанд барояш басо душвор буд, аммо андешаи он ки писараш барои ҳифзи Ватан ҷон бохт ва инчунин, ғамхории ҳамсафони фарзандаш ӯро як андоза таскин мебахшанд.

Шуҳратҷон Наҷмиддинов ва Хирадманд Усмонзода
Коллажи АП

Шаҳобиддин Усмонзода, бародари Хирадманд Усмонзода, яке аз афсарони дигари тоҷик, ки дар низои марзӣ қурбон шуд, гуфт, ба оилаи онҳо низ кӯмакпулӣ дода шудааст.

“Аз Гвардияи миллӣ 15 ҳазор сомонӣ ба хонаводаи мо оварда доданд. Аз ҷониби ҳукумати ноҳияи Айнӣ 10 ҳазор сомонӣ, ҳукумати вилояти Суғд 5 ҳазор сомонӣ ва муфтиёти кишвар 5 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ расониданд”, - гуфт Шаҳобиддин Усмонзода.

Илова бар ин, наздикони сарбозони қурбоншудаи тоҷик гуфтанд, ки илова ба кӯмакпулиҳо, аз ҷониби дигар мақомоти давлатӣ маводи озуқавориву чорвои зинда ва ангиштсанг низ гирифтаанд.

 Ҳамчунин, пайвандони сарбозони қурбонгашта гуфтанд, ки Акбар Ғуломов, муассис ва раиси Шӯрои директорони ҶДММ “Ғаюр Гурӯҳ” ба ҳамаи оилаи афсарону аскарони фавтида 10 ҳазор сомонӣ кӯмак кардааст.

Меъёри қонун ва суннатҳои тоҷикона

Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, аз ҷониби ин ниҳод талаботи дар қонунгузорӣ муайянгардида, пурра риоя карда шудааст.

“Аз ҷониби ВКД ҳама талаботи қонун риоя гардида, кӯмакпулиҳои қонунгузорӣ муайяннамуда, ба оилаи сарбозони қурбонгашта пурра расонида шуд”, - гуфт Нусратулло Маҳмадзода.

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, низ гуфт, “он чизе ки дар қонунгузории кишвар муайян шудааст, пурра риоя карда шуд, ва ҳамчунин, бо риояи меъёрҳои суннатӣ, пайвандони қурбониён аёдат гардиданд”.

“Масъулини Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба хонаҳои ҳама афсарону сарбозони ҷонбохта рафтанд, шароити рӯзгорашонро диданд, ҳама гуна камбудиву норасоиҳое, ки доштанд, бароварда карданд”, - гуфт Фаридун Маҳмадализода.

Қонун чӣ мегӯяд?

Дар ҳамин ҳол, Дилрабо Самадова, ҳуқуқшиноси Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ба “Азия-Плюс” гуфт, қонунгузории кишвар барои бозмондагони хидматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми адои вазифа ҳалок мегарданд, кӯмакпулии яквақта муайянд намудааст.

Ба гуфтаи ӯ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ” ин масъаларо ба таври дақиқ муайян кардааст ва ҳаҷми ҷуброни зарарро дар доираи қонунгузорӣ ба танзим даровардааст.

Тибқи моддаи 16-и Қонун “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ” ба аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбии ҳалокшуда 8 маоши таъминоти пулии дар рӯзи пардохти кӯмакпулӣ муқаррар шуда, пардохт карда мешавад.

Ҳамчунин, тибқи банди 2-юми моддаи 23-и қонуни мазкур, барои аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои вазифа дар шароити ҳолатҳои фавқулодда ва ҳангоми муноқишаҳои мусаллаҳона ҳалок шудаанд, имтиёзҳо, кафолатҳою ҷубронпулиҳои амалкунандаи нисбати аъзоёни оилаи хизматчиёни ҳарбии дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокшуда татбиқ мегардад.

Як хоҳиши модари сарбози қурбоншуда

Пайвандони сарбозони кушташуда, ки мо бо онҳо суҳбат кардем, дар хусуси ироаи кӯмакпулиҳо бо қаноатмандӣ суҳбат мекунанд ва таъкид менамоянд, ки ҷигарбанди онҳо дар роҳи муқаддаси ҳифзи Ватан ҷон додаанд.

Ягона хоҳише, ки Момагул Мирзоева, модари сарбози қурбоншуда иброз дошт, ин тартиб додани феҳристи сарбозони дар ҳифзи Ватан қурбоншуда буд.

“Барои поси хотири ҳама шаҳидони Ватан ягон нишоние гузошта шавад, хеле хуб мешуд”, - таъкид намуд Момагул Мирзоева.

Бояд гуфт, ки қаблан барои поси хотири муҳофизони марз дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ва Айнии вилояти Суғд ду мактаб барои ба номи Шуҳратҷон Наҷмиддинов ва Хирадманд Усмонзода гузоштан, пешниҳод шуда буд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ҳафтаи гузашта парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун "Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан"-ро қабул кард, ки он ҷовидон гардонидани хотираи шахсони ҳангоми ҳифзи Ватан ҳалокшударо мушаххас мекунад.

Ин қонун арҷ гузоштан ба шуҷоат, мардонагӣ ва қаҳрамонии низомиён, баҳисобгирӣ, ба тартиб даровардан, ҳифзу обод ва нигоҳбонӣ кардани қабрҳои ҳарбӣ, ёдгориҳои ҳарбӣ, ҷойҳои инфиҷор ё суқуткардаи техникаю ҳавопаймоҳои ҳарбиро пешбинӣ мекунад.

Аз ҷумлаи чорабиниҳои дигар барои поси хотири муҳофизони Ватан бо адои эҳтироми ҳарбӣ дафн кардани хизматчиёни ҳарбӣ, гузоштани санги қабр, сутуни ёдбуд, муҷассама дар оромгоҳҳо, ба маҳалҳо, кӯчаю майдонҳо, муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ гузоштани номи ҳалокшудагон мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.