Дар пайи бориши барф ва сардиҳои охир Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ширкати “Барқи тоҷик” супориш додааст, ки маҳдудият ё “лимит”-и барқро дар тамоми кишвар аз байн бардошта, аҳолиро шабонарӯзӣ бо нерӯи барқ таъмин кунанд.
Дар ин бора, дирӯз, 11-уми январ, телевизиони “Тоҷикистон” бо такя ба ширкати “Барқи тоҷик” хабар дод.
Дар гузориши ин расона таъкид мешавад, ки аз 11-уми январ маҳдудияти барқ дар кишвар пурра бардошта шуда, аҳолӣ шабонарӯзӣ бо барқ таъминанд.
“То ин вақт бо сабаби норасоии мавсимии захираҳои обу энергетикӣ, ки аз рӯи ҳисоби мутахассисон, дар давраи тирамоҳу зимистон ба қадри зиёда аз 1 милиард квт. соат пешгӯӣ шудааст, таъмини барқ дар баъзе минтақаҳои мамлакат танҳо шабона аз соати 22:00 то 05:00 маҳдуд карда мешуд”, - зикр гардид дар гузориш.
Ишора шуд, ки интиқоли бемаҳдудияти нерӯи барқ бо назардошти афзоиши талабот дар рӯзҳои сард аз як тараф боиси хароҷоти иловагии оби обанбори НБО “Норак” гашта, аз тарафи дигар дар ҳолати риоя нагардидани тадбирҳои сарфаҷӯии неруи барқ ба сарбории шабакаҳои барқӣ, тарансформаторҳо ва садамаҳо дар системаи энергетикаи ҷумҳурӣ оварда мерасонад.
Дар робита ба ин, “Барқи тоҷик” аз муштариён хоҳиш кард, ки нерӯи барқро сарфакорона ва мақсаднок истифода намоянд.
“Маҳз истифодаи сарфакоронаи неруи барқ аз тарафи ҳар як муштарӣ имкон медиҳад, ки таъминоти тамоми соҳаҳои мамлакат ва аҳолӣ бо неруи барқ беҳтар гардад”, - таъкид гардид дар гузориш.
Қаблан, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Норак гуфта буд, ки дар кишвар “лимит”-и барқ ҳаст, вале он муваққатӣ аст.
“Ҳоло бо истифода аз рӯзҳои мусоид дар кишвари мо низ маҳдудияти интиқоли барқ амал карда истодааст. Вале ин ҳолат муваққатӣ буда, ба хотири дар фасли сармо бо барқ пурра таъмин намудани аҳолӣ ҷорӣ шудааст”, - гуфта буд Эмомалӣ Раҳмон.
Бояд гуфт, қариб ҳар сол ширкати “Барқи тоҷик” аз корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар мавсими тирамоҳ ва зимистон хабар медиҳад ва “лимит”-и барқро ҷорӣ менамоянд.
Имсол, баъди беш аз ду ҳафтаи шикояти аҳолӣ, ин ширкат бо пахши як изҳорот маҳдудияти нерӯи барқро дар кишвар тасдиқ кард ва гуфт “ҳеҷ гоҳ хоҳишманди маҳдуд кардани интиқоли барқ ва бебарқ мондани мардум нестанд, вале имрӯз вазъият ҳаминро тақозо менамояд”.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола шурӯъ аз моҳи октябр аксар сокинони ноҳияҳои Тоҷикистон аз интиқоли барқ ё “лимит” рӯзона аз соати 8:00 то 17:00 ва шабона аз 22:00 то 06:00 шикоят мекунанд.
Масъулини ширкати “Барқи тоҷик”, вуҷуди “лимит”-и барқро дар кишвар рад мекарданд ва мегуфтанд, дар ноҳияҳое, ки барқ барои чанд соат қатъ мешавад, он барои корҳои таъмирӣ дар системаи барқрасонӣ сурат мегирад.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста