Дар пайи сардиҳои чанд рӯзи охир, аҳолии пойтахт аз хонаҳои сард, қатъи интиқоли барқ ва оби нӯшокӣ шикоят мекунанд. Онҳо мегӯянд, якбора сард шудани ҳаво мушкилотеро дар кори низоми гармидиҳӣ, нерӯи барқ ва оби нӯшокӣ ба миён овард, ки зиндагии онҳоро вазнин кардааст.
Яке аз проблемаҳое, ки ҳанӯз сардиҳо сар нашуда оғоз гардид, ин мушкил дар кори низоми гармидиҳии пойтахт буд.
“Газу мазут тамом шуд.... мушкил ҷиддитар мешавад”
Мақомот қаблан, дар охири соли 2022, мушкили пешомадаро ба қатъи гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон рабт дода, гуфта буданд, ки онҳо ваъдаи таъмини маводи сӯхтро аз мақомоти марбута гирифтаанд ва дар аввали сол он бояд дастрас шавад.
Аммо имрӯз, 16-уми январ, як манбаъ аз Маркази барқу гармидии №1-и Душанбе (МБГ-1) дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ҳоло захираи газ ва мазут, ки дастгоҳи гармидиҳии марказ бо он кор мекунад, хеле кам аст.
“Гази табиие, ки то ин замон аз кишвари Ӯзбекистон ба МБГ-1 дастрас мешуд, дар чандрӯзаи охир қатъ гардид. Захираи мазут низ ба охир мерасад. Ҳаво ҳам сард омад ва ҳафтаи ахир МБГ-1 ҳам бо газ ва ҳам бо захираҳои мазут кор мекард. Аз ин рӯ, гармии заруриро таъмин карда натавонист”, - гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи манбаъи мо, мақомоти марбута ва Ширкати “Барқи тоҷик” қаблан ваъда дода буданд, ки ба МБГ-1 дар оғози соли ҷорӣ 15 ҳазор тонна мазут дастрас мекунанд, вале ин миқдори ваъдашуда бо гузашти 15 шабонарӯз дастрас нагардидааст.
Манбаъи мо таъкид кард, ки МБГ-1 рӯзи шанбе, 14-уми январ, 1 ҳазор тонна мазутро аз кишвари Ӯзбекистон дастрас кард, вале он барои се рӯз фаъолият кардани марказ кофӣ аст ва мушкил пас анҷоми он ҷиддитар мешавад.
“Дар робита ба ҳарчи зудтар таъмин гардидани газ ва мазут Қоҳир Расулзода, сарвазир ва Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон бо мақомоти марбутаи кишвари Ӯзбекистон гуфтушунид доранд. Агар дар чандрӯзаи дигар ду ҷониб ба тафоҳумҳо оянд, хуб аст, вагарна намедонем чӣ кор мекунем”, – афзуд ҳамсӯҳбати мо.
МБГ-1 тобеи Ширкати “Барқи тоҷик” аст ва аз сӯи ин ниҳод ба танзим дароварда мешавад. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик”, дар як тамоси телефонӣ бо “Азия-Плюс” перомуни мушкили пешомада ҳозир нашуд, ки посухи равшан диҳад. Ӯ кӯтоҳ гуфт, “мактуб кунед, ба ҳама саволҳоятон посухи расмӣ мегиред”.
Сиҷоуддин Саломзода, муовини навтаъини шаҳрдори Душанбе, ки масъули бахши саноат аст, ба занги телефонии мо кӯтоҳ посух дод, ки дар ҷаласа аст ва баъдан, ба зангҳои такрории мо посух надод.
Бояд гуфт, ки дар мавсими гармидиҳии имсола МБГ-1 бо мушкили камбуди маводи сӯхт мувоҷеҳ буд ва сокинони пойтахт қаблан борҳо аз хонаҳои сардашон шикоят мекарданд.
Ёдовар мешавем, ки имсол дар шаҳри Душанбе аз 14-уми октябр мавсими гармидиҳӣ оғоз шуд. Он замон масъулин гуфта буданд, ки таъмини аҳолӣ бо гармӣ омодаанд, вале сардиҳои чанд ҳафтаи охир собит кард, ки низоми гармидиҳӣ дар пойтахт ба таври зарурӣ танзим нашуда, ба мушкил мувоҷеҳ гардидааст.
Истиқоматкунандагон мегӯянд, барои гарм кардани хонаҳо маҷбур шудаанд, ки аз таҷҳизоти гармидиҳии барқӣ истифода кунанд. Дар чунин вазъ, онҳо ҳам барои барқ ва ҳам гармӣ маблағ пардохт мекунанд.
Барқ қатъ шуд? Ҳамааш айби сардӣ...
Вале дар чанд рӯзи охир, қатъи нерӯи барқ давоми чанд соат дар як рӯз аҳолии пойтахтро нигарон кардааст. Онҳо шикоят доранд, ки дар пайи мушкилот дар кори гармидиҳӣ, қатъи нерӯи барқ, ки ягона манбаи гармӣ ва рӯшноӣ дар хонаҳояшон боқӣ монда буд, зиндагии онҳо боз ҳам мушкил шудааст.
Аз ҷумла, сокинони маҳаллаҳои “Гипрозем”, “Зарафшон”, “Маяковский” ва “Профсоюз” ду рӯз аст, аз қатъи нерӯи барқ аз 1 то 3 соат дар як шабонарӯз шикоят мекунанд ва мегӯянд, зангҳои пайвастаи онҳо ба шабакаҳои барқи шаҳриву ноҳиявӣ натиҷа намедиҳад.
Аз Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Душанбе қатъи барқро дар минтақаҳои Душанбе тасдиқ карданд ва гуфтанд, дар пайи сардиҳиҳо талаботи аҳолӣ ба барқ зиёд мешавад ва маҳз ин чиз сабаб мешавад, ки зеристгоҳҳо тоб наоварда, барқ хомӯш шавад.
Парвиз Қутбиддинов, сармуҳандиси Шабакаҳои тақсимоти барқи Душанбе дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, бегоҳии рӯз, вақти ба истилоҳ “часпик” , ки маъмулан соатҳои 17-18-и бегоҳ то 20-21-и шаб мувофиқ меояд, истифодаи нерӯи барқ аз ҷониби аҳолӣ аз меъёр ду маротиба зиёд мешавад. Дар натиҷа, тамоми зеристгоҳҳои барқӣ ба ҳолати серборӣ қарор мегиранд ва барқ ба таври автоматӣ хомӯш мешавад.
“Навобаста ба ин, кормандони Шабкаҳои тақсимоти барқи шаҳри Душанбе аз рӯзе ки сардиҳо оғоз шуд, дар реҷаи 24-соатаи корӣ қарор доранд. Дар куҷое садама шуд, кормандони мо навобаста ба вақту соат барои таъмир мераванд ва кӯшиш мекунанд, мушкилро ҳал намоянд”, - гуфт Парвиз Қутбиддинов.
Ӯ вуҷуди садамаҳоро низ дар зеристгоҳҳои барқӣ тасдиқ кард ва гуфт, таъмини нерӯи барқ дар пойтахт назар ба зимистони соли 2008, ки чунин сард омада буд, беҳтар шудааст.
“Дуруст аст, ки аз 1 то 3 соат дар куҷое барқ хомуш мешавад, вале бачаҳо барои бартараф крадани он кор мекунанд. Ин зеристгоҳҳо чунин “нагрузка”-ҳои баландро бардошта наметавонанд. Мо чунин зимистонро аз соли 2008 ин тараф надидем. Мардум ҳам барқро бераҳмона истифода мекунанд. Мо ба хонаҳои баландошёна эроде надорем, вале онҳое ки дар ҳавлӣ истиқомат мекунанд, аз манбаи алтернативӣ, мисли ангишту ҳезум истифода намекунанд”, - нигаронӣ кард ҳамсуҳбати мо
Номбурда гуфт, онҳо ба сардиҳо омода буданд, вале истифодаи аз меъёр зиёди барқ аз ҷониби аҳолӣ мушкилро печидатар кард.
“Ҳамроҳи ҷомеа, дар ҳамбастагӣ дар чунин рӯзҳои вазнин фаъолият бояд кард. Ин ҳолати табиӣ аст. Якбора сард шудани ҳаво як қатор проблемаҳоро ба вуҷуд овард. Вале навобаста ба ин, мо кӯшиш мекунем, рӯзҳои наздик ҳамаи ин мушкилиҳо ҳал шаванд”, - зикр кард Парвиз Қутбиддинов.
Интиқоли об дар Душанбе ба мушкил мувоҷеҳ шудааст
Дар пайи сардиҳои охир, интиқоли об низ ба хонаҳои аҳолии пойтахт ба мушкил мувоҷеҳ шудааст ва дар аксар маҳаллаю кӯчаҳо рӯзи сеюм аст, ки об нест.
Сокинони аксари хонаҳои кӯчаи Носир Муҳаммад, маҳаллаҳои Испечак, Зарафшон, маҳаллаҳои 101 ва 102, як қатор кӯчаҳои ноҳияи Шоҳмансур мегӯянд, ки об надоранд. Сокинони минтақаҳои дигар аз паст будани фишор, ки дар натиҷа об ба ошёнаҳои боло намебарояд, шикоят мекунанд. Дар ин рӯзҳои сард аҳолӣ маҷбуранд аз кӯча ё хонаҳои ҳамсоя, ки об ҳаст, об кашонанд.
Сокинони хонаи рақами 22-и маҳаллаи Зарафшон аллакай, ба раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ барои расидагӣ ба мушклоти хеш бо номаи кушод муроҷиат кардаанд.
КВД "Обу корези Душанбе" низ ба арзу шикояти сокинон посух намедиҳад (навбатдор 446010055, арзу пешниҳодҳо +992 222-20-18, +992 222-20-51), ё мегӯянд, ки онҳо то расонидан ба бино масъуланд ва худи сокинон бояд дар бораи пайваст кардани хонаҳояшон фикр кунанд.
Дар ҳамин ҳол, КВД "Обу корези Душанбе" дар саҳифаи худ дар “Фейсбук” сокинонро ба сабру таҳаммул даъват кардааст ва гуфтааст, ки гарчанде таҳхона ва қубурҳои оби ошомиданӣ дар сарҳади хидматрасонии корхона набошад, вале тибқи супориши роҳбарият кормандони корхона ҷиҳати пешгирии ин ҳолатҳо ва танқисии об ба кумаки шаҳрвандон мешитобанд.
“Дар ин шабу рӯзи зимистон кори кормандони КВД “Обу корези Душанбе” меафзояд. Зеро як мушкил агар дар хонаҳои куҳнасохти замони хрушёвӣ, ки бинобар надоштани таҳхона васли қубурҳо аз берун сурат гирифтааст ва ба яхбандӣ дучор гардидаанд ва танқисии оби ошомиданиро ба вуҷуд овардааст, сабаби дигари танқисии оби ошомиданӣ дар зуд-зуд рух додани садамаҳост, ки ин ҳолат низ бо сабаби сардии зиёди ҳаво ба вуқуъ пайвастааст. Шаҳрвандони бояд аз ин ҳолатҳо воқиф бошанд ва сабуриро пеша намоянд”,. – омадааст дар иттилоияи ин ниҳод.
Дар эълони дигари корхона гуфта шудааст, ки “ҳоло тибқи супориши роҳбарияти корхона ба минтақаҳое, ки мушкили танқисии обро эҳсос намуда истодаанд, барои таъмини онҳо бо об мошинҳои обкаширо сафарбар намудааст”.
Дар ҳамин ҳол, дар ин рӯзҳо дар шаҳри Душанбе тарҳи "Беҳтар кардани обу беҳдошт" ба маблағи 45,8 миллион доллар амалӣ мешавад, ки тибқи созишномаи соли 2018 имзошуда, 41 миллиону 180 ҳазор доллар аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд маблағгузорӣ шуда, 4 миллиону 620 ҳазор доллар саҳми ҳукумати Тоҷикистон аст.
Соли ҷорӣ Бонки Осиёии Рушд 38 миллион доллари амрикоӣ маблағгузории бебозгашт барои лоиҳаи бозсозӣ ва тавсеаи зерсохтори обтаъминкунӣ ва беҳдошти шаҳри Душанберо тасдиқ кард.
Раҳбарияти Бонки Осиёии Рушд интизор дорад, ки дар натиҷаи ин лоиҳа 125 ҳазор нафар бо оби шабонарӯзӣ таъмин хоҳанд шуд ва 500 ҳазор нафар шароити канализатсияро беҳтар хоҳанд кард.
Соли 2020 Бонки Ҷаҳонӣ барои беҳбуди вазъи инфрасохтори обтаъминкунӣ ва канализатсия дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 30 миллион доллар ҷудо кардааст, ки лоиҳа беш аз 100 ҳазор нафарро фаро мегирад.
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Боздошти сардори Идораи беҳдошти замини Абдураҳмони Ҷомӣ бо гумони заминфурӯшӣ
Як сокини Қубодиён барои қасди куштори ҳамсараш 16 сол равонаи зиндон шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста