Асадҷон Баҳромов, як корманди собиқадори Раёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Панҷакент ҳафтаи гузашта дар манзили истиқоматиаш худро ба дор овехт. Пайнвандонаш даъво доранд, ки ӯ дар пайи як тӯҳмат ва даъвати батакрори Идораи зидди фасод ба ҷони худ сӯиқасд кард.

Умеда Азимова, ҳамсари Асадҷон Баҳромов, имрӯз, 18-уми январ, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, “шавҳарамро  тӯҳмат карданд ва фишори зиёди равонӣ оварданд”.

“Субҳи 11-уми январ барвақт аз хоб хест, дар печи хона алоб кард ва гуфт,  хунук нахӯред. Ришашро гирифта, барои ба кор рафтан омода шуд. Байни соати 7:00 то 7:30-и субҳ чӣ гап шуд, ман хабар надорам. Соати 7:30-и субҳ ҷасади овехтаашро дар хона дидем. Ӯ аллакай ҷон дода буд”, - нақл кард Умеда Азимова.

Асадҷон Баҳромовро худи ҳамон рӯз,11-уми январ дафн карданд.

Умеда Азимова дар идомаи қазия гуфт, “дар хона ба ҷуз ману духтари хурдсолам каси дигар набуд. Ман кӯшиш кардам, ки ҷасади Асадро бардорам, қувватам нарасид ва ҳуш рафтам. Дигар намедонам, кӣ ҷасадро аз дор гирифт”.

Ба гуфтаи Умеда Азимова, чанд вақти охир Асадҷон Баҳромовро ба Идораи зиддифасоди шаҳри Панҷакент зиёд даъват мекарданд ва ӯ зери фишори равонӣ қарор дошт.

“Милитсияи шаҳр дар як фурсати кӯтоҳ ба хона расид. Додарзодаи шавҳарам ҳангоми бардоштани ҷасад аз ҷайбаш мактуб пайдо кард. Шояд дар он мактуб шавҳарам сабаби маргашро навиштааст. Номаро милитсионерҳо ба додситони шаҳр супориданд. Мо надидем, ки дар он чӣ навишта буд”, - гуфт Умеда Азимова.

Аз додситонии шаҳри Панҷакент дар ин робита ба ҳодисаи мазкур ба “Азия-Плюс” иттилоъ надоданд ва дар як тамоси телефонӣ ҳодисаро таъйид ва гуфтанд, “ҳоло тафтишот идома дорад”.

Дар шаҳрдории Панҷакент низ хабарро таъйид карда, омили худкуширо нагуфтанд. Вале афзуданд, ки марҳум беш аз 30 сол дар сатҳҳои гуногуни шаҳрдории Панҷакент фаъолият мекард ва аз зумраи кадрҳои собиқадор ба шумор мерафт.

Аз сӯи дигар, як манбаъи огоҳ ба шарти ифшо нагардидани номаш ба “Азия-Плюс” гуфт, Асадҷон Баҳромовро дар асоси нишондоди яке аз ҳамкоронаш кормандони Идораи зиддифасоди шаҳр барои гирифтани пора гумонбар медонистанд.

Аммо ҳамсараш мегӯяд, Асадҷон Баҳромов “марди ором ва поквиҷдон буд ва дар муддати фаъолияташ аз ҳеҷ кас пора нагирифтааст. Зиндагонии миёна дошт ва бо маош рӯзгори хонаводаро мегузаронид”.

Асадҷон Баҳромов 58 сол дошт ва падари се фарзанд буд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҳодисаҳои худкушӣ дар чандсолаи охир бештар расонаӣ мешавад ва аксаран омили марг равшан намегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.