Шурӯъ аз 1-уми феврали соли равон дар кишвар “лимит” ё маҳдудияти барқ расман ҷорӣ карда мешавад. Дар ин бора ширкати “Барқи тоҷик” бо нашри як муроҷиатномаи махсус ба аҳолии кишвар хабар дод.

Дар ин муроҷиатнома, ки шоми имрӯз, 31-уми январ дар АМИТ “Ховар” нашр шудааст, гуфта мешавад, ки он бо мақсади пешгирӣ кардани норасоии нерӯи барқ ва пайомадҳои манфии он ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат рӯи даст гирифта шудааст.

Ин ширкат бо такя ба таҳлили мутахассисонаш навиштааст, ки вазъ ташвишовар аст ва “дар сурати наандешидани чораҳои иловагӣ барои рафъи мушкилот дар аввалҳои моҳи март норасоии неруи барқ шиддат гирифта, ба фаъолияти иқтисоди мамлакат ва зиндагии рӯзмарраи аҳолӣ таъсири калони манфӣ мерасонад”.

Масъулини “Барқи тоҷик” гуфтаанд, ки бо назардошти тадриҷан афзоиш ёфтани талабот ба неруи барқ дар дохили мамлакат ҳаҷми истеҳсоли он дар давраи сипаришудаи моҳи январи соли 2023 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 300 млн кВт* соат зиёд гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаи миёнаи солҳои қаблӣ 14 фоиз зиёд мебошад.

Ин раванд ба гуфтаи онҳо, боиси зиёд шудани сарбории шабакаҳои барқӣ ва трансформаторҳо гардида, ба захираҳои обу энергетикии обанборҳо низ таъсири манфӣ расонид.

“Маҷрои дарёи Вахш дар тобистон ба ҳисоби миёна аз 2000 то 2200 метри мукааб дар як сония ва дар зимистон ба 150-200 метри мукааб дар ҳар сония баробар шуда, барои истеҳсоли неруи барқ асосан захираи обанбори неругоҳи «Норак» истифода мешавад. Дар натиҷаи зиёд шудани талабот ба неруи барқ дар моҳи январ ҳаҷми хароҷоти об аз обанбори неругоҳи «Норак» низ афзоиш ёфт, ки назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ зиёд мебошад”, - омадааст дар муроҷиатномаи “Барқи тоҷик”.

Манбаъ аз сардиҳои моҳи январ ёдоварӣ карда, афзудааст, ки он ба “афзоиши талаботи соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёти мамлакат ба неруи барқ дар реҷаи кори низоми энергетикӣ якчанд мушкилиҳо пеш овард”.

Масъулини ин ширкат гуфтаанд, маҳдудияти барқ “муваққатӣ буда, барои давраи муайян пешбинӣ гардидаанд ва баъди ба эътидол омадани реҷаи обу энергетикии дарёи Вахш аз байн бардошта мешаванд”.

Дар охир онҳо аҳолиро ба сарфакорӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ дар ҷойи кор ва манзилҳои истиқоматиашон барои дар муҳлатҳои кӯтоҳ аз байн бурдани маҳдудият даъват кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар муроҷиатнома гуфта нашудааст, ки дар як шабонарӯз интиқоли барқ чанд соат қатъ карда мешавад.

Расман ҷорӣ гардидани лимти барқ дар ҳолест, ки шурӯъ аз нимаи дуввуми моҳи октябри соли гузашта аҳолӣ аз “лимит” ё маҳдудияти нерӯи барқ шикоят мекарданд.

Ҳамин тариқ, дар авҷи сардии ҳаво Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ширкати “Барқи тоҷик” дастур дод, ки маҳдудияти барқ дар кишвар пурра бардошта шавад ва худи ҳамон рӯз ин ширкати эълон кард, ки маҳдудияти барқ дар ҷумҳурӣ пурра бардошта шуд.

Вале тақрибан баъди 10 рӯзи дастури Эмомалӣ Раҳмон сокинони манотиқи мухталиф аз мавридҳои зиёди қатъи дубораи нерӯи барқ шикоят карданд.

Мақомот он замон қатъи интиқоли нерӯи барқро ба садамаҳо дар хатҳои барқрасонӣ марбут дониста, гуфта буданд, ки дар рӯзҳои сардӣ ниёз ба нерӯи барқ дар минтақаҳо зиёд шуд ва садамаҳо ҳам афзоиш ёфт.

Далер Ҷумъа имрӯз, 30-юми январ, дар нишасти матбуотӣ афзуд, дар рӯзҳои сард на фақат дар Тоҷикистон, ҳамчунин дар Осиёи Марказӣ мушкили барқ ҷой дошт ва дар ин рӯзҳо низоми энерегетикии кишвар тавонист мардумро пурра бо барқ таъмин кунад.

Далер Ҷумъа дар шарҳи қатъи интиқоли барқ садамаҳоро ҳам зикр кард, вале нагуфт, ки дар рӯзҳои сардӣ дар кишвар чӣ қадар садамаҳо сабт шудааст.

"Минбаъд ҳавои сард пешбинӣ мешавад ва мо чораҳо андешида истодаем, ки чӣ бояд кард, то мисли гузашта мардумро дар рӯзҳои сардӣ бо барқ таъмин намоем",-афзуд вазири энергетика.

Номбурда афзуд, ҷамъоварии маблағи барқ аз аҳолӣ дар соли гузашта 1 млрд 259 млн сомонӣ  иҷро гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба маблаги 107 млн зиёд мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.