Шаби 22 ба 23-юми феврал имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ки дар амалиёти ҷустуҷӯӣ дар манотиқи осебдидаи Туркия ширкат доштанд, ба ватан бармегарданд.
“Соати 1-и шаби 23 феврал нишасти ҳавопаймо бо наҷотдиҳандагони тоҷик дар Душанбе дар назар аст. Ҳамаи ҳайати гурӯҳ ба ватан бармегарданд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари маркази матбуоти КҲФ Умеда Юсуфӣ.
Ёдрас мекунем, ки ба ҳайати гурӯҳе, ки дар корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот дар минтақаҳои аз заминларза осебдидаи Туркия иштирок кард, 50 нафар имдодгарону табибон шомил буданд.
“Имдодгарони мо вазифаи худро муваффақона иҷро карда, дар корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот дар вилоятҳои Қаҳрамонмаръаш ва Хатойи Туркия саҳм гузоштанд”, - хабар доданд дар Кумита.

Қобили зикр аст, ки гурӯҳи имдодагрон ва табибони КҲФ Тоҷикистон 9 феврал ба Туркия раҳсипор шуданд. Корҳои ҷустуҷӯро онҳо дар Қаҳрамонмаръаш, ки бештар осеб дида буд, оғоз намуда, сипас онҳоро ба қитъаи дигар - Хатой сафарбар намуданд.
Дар маҷмӯъ, имдодгарони тоҷик дар ҷараёни кори худ 3 нафарро зинда ва беш аз 200 ҷасадро аз зери харобаҳо берун оварданд.
Президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон ва вазир мудофиаи миллии ин кишвар Хулуси Аскар ба имдодгарон тоҷик изҳори миннатдорӣ карданд.



Муҳаммад Наимов дар мусобиқаи "UFC 323" аз намояндаи Бразилия шикаст хӯрд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста