Блогерҳои тоҷик дар семоҳаи аввали соли 2023 ба буҷаи давлат 543 ҳазор сомонӣ андоз пардохт кардаанд. Дар ин бора Назирҷон Назирзода, сардори Раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андози Тоҷикистон зимни чорабинии “Тавозун" дар Душанбе иттилоъ дод.
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки то имрӯз дар Тоҷикистон 70 нафар блогер фаъолияти худро расман дар мақомоти андоз ба қайд гирифтаанд.
“Соли гузашта блогерони тоҷик 29,7 млн сомонӣ даромад доштаанд ва аз ин маблағ 1,3 млн сомонӣ ба буҷаи давлат андоз аз даромад супоридаанд”, - зикр кард Назирҷон Назирзода.

Гуфтан ба маврид аст, ки масъалаи андозбандии блогерон дар Тоҷикистон қаблан баҳсҳои доғро ба миён оварда буд.
Чанде пештар ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ”, мақоми расмии Кумитаи андоз бо нашри номи 29 блогери маъруфи кишвар гуфта буд, ки онҳо “ба соҳибкории ғайриқонунӣ машғул буда, аз даромади худ андоз намесупоранд”.
Аммо дар ин баробар, ин расона таъкид намуда буд, ки қисме аз блогерони тоҷик фаъолияти худро расман ба қайд гирифта, андозро пардохт кардаанд.

Ахиран, барои ташреҳи масоили вобаста ба пардохти андоз аз ҷониби блогерон “Азия-Плюс” бо даъвати кормандони Кумитаи андоз ва блогерон мизи гирд баргузор намуд, ки зимни он ҷонибҳо ба аксари саволҳои худ посух пайдо карданд.
Ёдовар мешавем, ки маҳфили “Тавозун” аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Хома” баргузор шуда, дар он масъалаҳои мубрами иқтисодӣ бо иштироки журналистон ва намояндагони бахши иқтисодии давлат, коршиносон ва мутахассисони соҳа мавриди баррасӣ қарор мегиранд.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста