Як муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Новосибирски Русия мегӯяд, се сол боз наметавонад ба зодгоҳаш, ҷамоати Ворухи Исфара, равад. Дар ин бора пойгоҳи centralasian.org хабар медиҳад.
Диловар Ҷӯраев бо дархости Қирғизистон дар кофтуков аст ва мақомоти Русия ӯро ба шарти берун нарафтан аз ҷойи зист дар озодӣ нигоҳ медоранд. Мақомоти Қирғизистон даъво доранд, ки ӯ дар ҷанҷоли марзӣ иштирок кардааст ва бояд боздошт ва дар он кишвар муҳокима шавад. Худаш рад мекунад.
Зодаи 54-солаи Ворухро се сол пеш бо дархости мақомоти интизомии Қирғизистон дар Русия дастгир карда, дертар раҳо намуданд. Он замон шаҳрвандии вай дар Русия бекор шуд. Ҳоло танҳо ҳаққи иқомат дорад.
Ӯ рӯзи 20-уми август аз Новосибирск ба Радиои Озодӣ гуфтааст, “дар ин муддат падарам вафот кард, рафта натавонистам. Нагузоштанд. Пулиси Новосибирск зуд-зуд маро ба боздоштгоҳ мебарад. Аз Додситонии кулли Русия хостам, ки қарори берун нарафтан аз ҷойи зистро бекор кунад ва мунтазири ҷавоб ҳастам”.
Ӯ хостааст, мақомоти Тоҷикистон дар музокирот бо ҷониби Қирғизистон масъалаи дар пайгард будани ӯ ва шаҳрвандони дигари кишварро дар миён гузоранд. Дар гузашта камаш ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар Русия бо талаби Бишкек дастгир шуда буданд.
Як масъули консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, “масъалаи шаҳрванд Диловар Ҷӯраев”-ро медонанд. Ӯ афзудааст “чанд бор бо ӯ тамос доштем ва бори дигар даъват мекунему бо ҷузъиёти мушкил ошно шуда, дар пайи ҳалли он мешавем”.
Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки барои таъйину нишонагузории сарҳад зиёда аз ду сол боз муноқишаи шадид доранд, чанде аз шаҳрвандони якдигарро дар Русия ба ҷустуҷӯ додаанд. Ҳарду тараф мутмаинанд, ки ин афрод дар ҷанҷоли марзӣ иштирок карда ва ё дар сар задани он нақш доштанд.
Се сол қабл, вақте Диловар Ҷӯраев бо дархости Қирғизистон дар шаҳри Новосибирск дастгир шуд, Додситонии кулли Тоҷикистон иддаои кишвари ҳамсояро "беасос ва дорои ангезаҳои сиёсӣ” хонда буд.
Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр сарҳад дорад. То кунун 664 километри он таъйин шуда, сарнавишти боқимонда норӯшан аст. Ба ҳамин сабаб, даъво бар сари замину чарогоҳҳо ва манобеи об ҳар гоҳ боиси сар задани ихтилоф миёни сокинони наздимарзӣ ва ҷалби низомиён аз ҳарду тараф мешавад.
Бо вуҷуди идомаи равобити кории миёни ду кишвар, муносибатҳои сиёсии байни ду ҳамсояи наздик ҳанӯз пурра барқарор нашудааст. Марзи Қирғизистон ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон баста мемонад ва додугирифти ду кишвар ночиз аст.
Дар “мардикорбозор”-и Душанбе чӣ мегӯянду чӣ гуна корҳо пайдо мекунанд?
“Беизтироб хонда намешавад”. Рӯнамоии китоби нави Гулсифат Шаҳидӣ дар Душанбе
Сайфулло Маҳкамов, рӯзноманигори тоҷикро дар зодгоҳаш ба хок супориданд
Рамазон Раҳимзода бо Якоб Схермерс истирдоди шахсони дар ҷустуҷӯ қарордоштаро баррасӣ кардааст
Чупик: "Аз пайи тоҷикон шаҳрвандони Ӯзбекистону Қирғизистонро ҳам ба Русия роҳ намедиҳанд"
Пуштибони Муъмину Лоиқу Бозор. Мирзо Турсунзода ва нақши ӯ дар адабиёт ва тарбияи истеъдодҳо
Аз қитъаи замин то шаҳодатномаи ронандагӣ. Чаро ваъдаҳои мақомот ҷавононро ба хидмати ҳарбӣ дилгарм намекунад?
“Шоҳ” ва ситораҳои тобони ҷудои ҷаҳон ба Душанбе омаданд. Онҳо дар "Dushanbe Grand Slam 2024” иштирок мекунанд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон зиёд шуд
БИР ва фондҳои рушди араб барои маблағгузорӣ ба неругоҳи “Роғун” 550 млн доллар ҷудо мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста