Раиси Идораи мусулмонони Ӯзбекистон, муфтии ин кишвар шайх Нуриддин Холиқназаров дар робита ба бурқапӯшии занон изҳори назар кардааст.

Дар видеое, ки хадамоти матбуотии идора нашр кард, ӯ мегӯяд, Ислом аз зан талаб накардааст, ки рӯяшро пура пӯшонад ё либоси сиёҳ ба бар кунад.

“Мо дар иҷрои фарҳанги пӯшидани либоси мазҳабӣ аз ҳад зиёд кӯшидаем. Мазҳаби мо ба занон амр намекунад, ки рӯяшонро пӯшонанд. Дар дини мо зебоӣ ва дурӣ ҷустан аз зиёдаравӣ тавсия шудааст”, - изҳор доштааст муфтии Ӯзбекистон.

Холиқназаров дар мавриди меъёрҳои пӯшидани либос изҳор дошта, ки “ҳар як миллат анъана ва либоси хоси худро дорад”.

“Талаб нашудааст, ки мусулмонон бояд либоси муайян дошта бошанд. Ислом ба тамоми башарият фиристода шудааст. Арабҳо либоси худро ва туркҳо либоси худро доранд. Мусулмонон дар Индонезияву Малайзия либоси худро ва ӯзбекҳо либоси худро мепӯшанд”, - афзудааст вай.

Бояд гуфт, ки ин изҳороти муфтии Ӯзбекистон чанд рӯз пас аз қабули қонун дар бораи манъи пӯшонидани рӯй дар ҷойҳои ҷамъиятӣ расонаӣ мешавад.

Қаблан, палатаи қонунгузори Ӯзбекистон лоиҳаи қонунеро тасвиб кард ва он барои пӯшонидани рӯй, ки имкон намедиҳад шахс шинохта шавад, ҷарима пешбинӣ кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.