Гуфта мешавад, ки 80 дарсади онҳо сайёҳанд.

Давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон зиёда аз 1 млн нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаанд, ки 18% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Мутобиқи методологияи Созмонии ҷаҳонии сайёҳӣ, миёни онҳо 802,3 ҳазор нафари онҳо сайёҳон шуморида мешаванд.

Вуруди нисбатан зиёди хориҷиён ба ҷумҳурӣ аз кишварҳои зерин ба қайд гирифта шудааст. Дар тасвири дуюм фоизи сайёҳон аз ин давлатҳо нишон дода шудааст.

1/2

Дар ҳамин ҳол, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар зарфи 9 моҳи соли равон аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар рафтаанд, 2 млн 513,9 ҳазор нафарро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда 23,9% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.