Абдуқаҳҳор Мирзоев, ки бо номи Домулло Абдуқаҳҳор маъруф аст, пас аз рӯбарӯ шудану созиш кардан бо пайвандони майите, ки “бо бенамозӣ таҳқир карда буд”, аз мақомот ҷавоб дода шудааст. Дар ин бора як манбаъ аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, Домулло Абдуқаҳҳор рӯзи 19-уми октябр ба мақомоти қудратии шаҳри Ҳисор даъват шуда, дар мавриди мавъизаи дар ҷаноза кардааш пурсупос шуд.

“Ҳамон рӯз наздикони майит ҳам ба мақомот даъват ва бо Абдуқаҳҳор Мирзоев рӯбарӯ карда шуданд. Пайвандони майит гуфтанд, ки алайҳи домулло шикояте надоранд. Пас аз ин ҳамон шаб номбурда ба хонааш ҷавоб дода шуд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Қаблан гуфта мешуд, эҳтимоли паст задани шаъну шарафи соҳибони майит аз сӯйи Мирзоев Абдуқаҳҳор аз ҷониби мақомоти дахлдор санҷида мешавад.

Бояд гуфт, ки рӯзноманигори тоҷик Абдуқодир Талбаков чанде бо нашри як акс навишт, ки шахсе бо номи Домулло Абдуқаҳҳор дар намози ҷанозаи як духтар наздикони ӯро таҳқир кардааст, ки ӯ намозхон набуд.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон дар пайи ин навиштаи рӯзноманигор ва вокунишҳои дарпайдоштаи он дар ин маврид иттилои бештар нашр карда буд, ки метавонед дар ин ҷо хонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.