Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Мадина Отабоева буд, ки бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи Тартиби ҳабси молу мулки қарздорро баррасӣ карданд.

 

Тартиби ҳабс намудани молу мулки қарздор аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро чӣ гуна сурат мегирад?

Ҳабси молу мулки қарздор аз барӯйхатгирии молу мулк, эълони манъи ихтиёрдории он ва ҳангоми зарурат аз маҳдуд кардани ҳуқуқи истифодаи молу мулк, кашида гирифтан ё барои нигаҳдорӣ супоридани он иборат мебошад. Намуд, ҳаҷм ва мӯҳлати маҳдуд карданро дар ҳар як ҳолати алоҳида иҷрочии мақомоти иҷро бо назардошти хусусияти молу мулк, аҳамияти он барои соҳибмулк ё шахсе, ки онро соҳибӣ менамояд, истифодаи хоҷагӣ, маишӣ ва дигар омилҳо муайян мекунад.

Вайрон намудани манъи иҷрочии мақомоти иҷро ҷиҳати ихтиёрдорӣ ё ин ки риоя накардани маҳдудияти ҳуқуқи истифодабарии молу мулки қарздор, ки ба он ҳабс гузошта шудааст, боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонун мегардад.

Ҳабси молу мулк дар доираи талаботи муқарраргардидаи ҳуҷҷати иҷро ва хароҷоти амалҳои иҷро татбиқ мегардад.

Ҳабс татбиқ карда мешавад:

1) ҷиҳати таъмини иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор барои таъмини ҳифзи молу мулки қарздор, ки минбаъд бояд ба ситонанда супорида ё ин ки дар оянда фурӯхта шавад;

2) ҳангоми иҷрои санади судӣ оид ба гирифтани молу мулки қарздор;

3) ҳангоми иҷрои таъиноти суд оид ба ҳабс гузоштан ба молу мулки ба қарздор тааллуқдошта ё ин ки дар ихтиёри ӯ ва шахсони дигар қарордошта;

Молу мулки зуд вайроншаванда ё хӯрдашаванда, фавран барои фурӯш супорида мешавад.

Маблағҳои пулӣ бо пули миллӣ ва асъор, металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ҷавоҳирот ва дигар маснуоти аз тилло, нуқра, платина ва металлҳои гурӯҳи платина, сангҳои қиматбаҳо ва марворид, инчунин шикастапора ва қисмҳои алоҳидаи чунин маснуоти ҳангоми барӯйхатгирии молу мулки қарздор ошкоршуда, ки ба он ҳабс гузошта шудааст, бояд ҳатман гирифта шаванд.

Бо ҳабс гузоштан ба молу мулки қарздор ситонанда ҳуқуқи гаравро ба молу мулки ба ҳабсгузошташуда ба даст меорад. Ҳуқуқи гарав, ки аз молу мулки пештар ҳабсгузошташуда бармеояд, дар муқоиса бо ҳуқуқе, ки аз гарави баъдина бармеояд, афзалиятноктар аст. Ҳуқуқи гарав, ки аз ҳабс гузоштан ба молу мулки қарздор бармеояд, ба ситонанда ҳамон ҳуқуқҳоро дар муносибат ба дигар ситонандагон ба мисли гарав дар асоси шартномаи гражданӣ оид ба гарав медиҳад.

Ҳабс гузоштан ба молу мулки манқул, ки дар соҳибияти воқеии қарздор қарор дорад, ба соҳибияти иҷрочии мақомоти иҷро гузаштани ин молу мулк боис мегардад.

 

Тартиби ба рӯйхатгирии молу мулки қарздор ва гирифтани он:

Иҷрочии мақомоти иҷро рӯйхат тартиб медиҳад ва вобаста ба миқдори ситониш тамоми молу мулк ё қисми онро ҳабс намуда, дар ин бора ба мақомоти дахлдори давлатии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, гарави молу мулк ва нотариати давлатӣ қарор оид ба манъи амалҳои бо молу мулки ҳабсшуда алоқамандро ирсол менамояд.

Дар бораи гузоштани ҳабс ба молу мулки ба гарав гузошташуда иҷрочии мақомоти иҷро гаравгирро фавран хабардор менамояд.

Ҳангоми иҷрои таъиноти судӣ ҷиҳати таъмини даъво иҷрочии мақомоти иҷро вобаста ба талаботи даъво ба ҳамаи молу мулк ё қисми он ҳабс мегузорад.

Иҷрочии мақомоти иҷро рӯйхати молу мулки қарздорро ба миқдоре, ки ҷиҳати таъмини иҷрои талаботи ҳуҷҷати иҷро ва хароҷоти иҷро зарур аст, тартиб медиҳад. Иҷрочии мақомоти иҷро метавонад ба молу мулки ба рӯйхат гирифташуда мӯҳр гузорад.

Барӯйхатгирии молу мулки қарздор дар ҳузури қарздор ва шахсони холис гузаронида мешавад. Дар ҳолати набудани қарздор, барӯйхатгирӣ бо иштироки яке аз аъзои болиғи оилаи ӯ, шахсони мансабдори шахси ҳуқуқӣ ва дар сурати набудани ин шахсон бо иштироки намояндаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва шахсони холис тартиб дода мешавад.

Ҳангоми барӯйхатгирӣ қарздор ҳуқуқ дорад ба иҷрочии мақомоти иҷро бобати дар навбати аввал ба кадом молу мулк нигаронидани ситониш арз намояд. Иҷрочии мақомоти иҷро чунин арзро қонеъ мегардонад, агар он ба иҷрои ҳуҷҷати иҷро мухолифат накунад.

Дар санади барӯйхатгирӣ ва қарор оид ба ҳабси молу мулк бояд маълумоти зерин зикр шаванд:

1) сана ва маҳалли тартиб додани санади барӯйхатгирӣ ва қарор;

2) насаб, ном ва номи падари иҷрочии мақомоти иҷро;

3) номи суд, мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдоре, ки ҳуҷҷати иҷрои он ба иҷро расонида мешавад;

4) насаб, ном ва номи падари ситонанда ва қарздор;

5) номи ҳар як молу мулки ба санад ва қарор дохил кардашуда, нишонаҳои фарқкунандаи он (вазн, андоза, дараҷаи дошти он ва ғайраҳо), баҳои тахминии ҳар як молу мулк дар алоҳидагӣ ва арзиши тахминии ҳамаи молу мулк;

6) ишора ба мӯҳргузорӣ шудани молу мулк, агар он иҷро шуда бошад;

7) насаб, ном ва номи падари шахси воқеӣ, номи шахси ҳуқуқӣ, ки молу мулкро барои нигаҳдорӣ ба онҳо супоридааст, суроғаи онҳо, агар нигаҳдории молу мулк ба зиммаи худи қарздор вогузор нашуда бошад;

8) қайд дар бораи ба қарздор ва дигар шахсон фаҳмонидани тартиб ва мӯҳлати шикоят аз болои амали иҷрочии мақомоти иҷро, инчунин дар бораи ба қарздор ва нигоҳдорандаи молу мулк фаҳмонидани ӯҳдадориҳои онҳо оид ба нигаҳдорӣ ва дар бораи ҷавобгарӣ ҷиҳати исрофкунӣ, азхудкунӣ ё пинҳонкунии молу мулки барои нигоҳдорӣ супоридашуда;

9) эрод ва арзи ситонанда, қарздор ва шахсоне, ки дар вақти барӯйхатгирӣ иштирок доштанд ва фармоишҳои аз рӯи онҳо додаи иҷрочии мақомоти иҷро.

Санади барӯйхатгирӣ аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро ва шахсоне, ки дар тартиб додани он иштирок доштанд, имзо карда мешавад. Қарор дар бораи ҳабси молу мулкро иҷрочии мақомоти иҷро имзо намуда, нусхаи онро ба тарафҳо ва ё нигоҳдорандаи молу мулки ҳабсшуда месупорад.

 

Гирифтани молу мулки ба рӯйхат гирифташуда ё ҳабсшудаи қарздор бо мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:

1) барои ба фурӯш баровардан бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ;

2) барои супоридани молу мулк ба ситонанда;

3) барои супоридани молу мулк барои нигоҳдорӣ, аз ҷумла ба дигар шахси нигоҳдорандаи молу мулк;

4) агар молу мулк дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун бояд гирифта шавад.

Ҳангоми гирифтани молу мулки ба рӯйхат гирифташуда ё ҳабсшудаи қарздор, мумкин аст ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои нигаронидани ситониш ба молу мулки мазкур гирифта шаванд. Иҷрочии мақомоти иҷро ҳангоми барӯйхатгирӣ ё гузоштани ҳабс ҳуқуқ дорад молу мулки қарздорро пурра ё қисман гирад.

 

Нигаҳдории молу мулки ҳабсшуда ва фурӯши он:

Молу мулки қарздор барои нигоҳдорӣ бо гирифтани имзои қарздор ё дигар шахси аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро таъингардида (минбаъд-нигоҳдоранда) дар қарор дар бораи ба ҳабс гирифтани молу мулки қарздор, супорида мешавад.

Агар нигоҳдоранда худи қарздор ё аъзои оилаи ӯ набошад (барои қарздор-шахси ҳуқуқӣ-корманди он), барои нигоҳ доштан подошпулии мувофиқ мегирад. Нигоҳдоранда бо иҷозати иҷрочии мақомоти иҷро аз ин молу мулк метавонад истифода барад, ба шарте ки аз рӯи хусусиятҳои молу мулк истифодаи он боиси нобуд шудан ё кам шудани қимати он нагардад. Ба нигоҳдоранда хароҷоти зарурии сарфкардааш оид ба нигоҳ доштани молу мулк бо назардошти фоидаи воқеии аз истифодаи ин молу мулк бадастовардааш, ҷуброн карда мешавад.

Барои таъмини ҳифзи молу мулки ҳабсшудаи қарздор иҷрочии мақомоти иҷро ҳуқуқ дорад дигар шахси нигоҳдорандаро таъин намояд ва молу мулки зикршударо ба ӯ барои нигоҳдории минбаъда супорад. Дар ҳолати иҷро накардани ӯҳдадориҳо аз ҷониби нигоҳдорандаи аввалаи молу мулк, хароҷоти нигоҳдории молу мулк ҷуброн карда намешавад.

Воситаҳои нақлиёти ба ҳабс гирифташуда то гузаронидани музояда дар ҷойҳои махсуси аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро муайянгашта (таваққуфгоҳҳо, анборҳо, майдонҳои ҷаримавии мақомоту ташкилоти ваколатдор ва дигар ҷойҳо), ки дар онҳо шароити мувофиқи нигоҳдорӣ таъмин аст, нигоҳ дошта мешаванд.

Фурӯши молу мулки ҳабсшуда, ба ғайр аз молу мулке, ки тибқи қонун аз гардиш гирифта шудааст, новобаста аз асосҳои ҳабсгирӣ ва намудҳои молу мулк аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро тавассути музояда бо тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ амалӣ карда мешавад.

Ҳангоми нигаронидани ситониш ба молу мулки қарздор, агар дар лаҳзаи қабули қарор дар бораи фурӯхта шудани молу мулке, ки мебоист ба он ситониш нигаронида шавад, оид ба муфлисшавии қарздор истеҳсолот оғоз шуда бошад, пас фурӯши молу мулк то моҳиятан ҳал кардани ин масъала боздошта мешавад.

Иҷрочии мақомоти иҷро бо розигии хаттии тарафҳо ҳуқуқ дорад молу мулкро бе гузаронидани музояда, бо роҳи савдои он ба шахси муайян анҷом диҳад, ки дар ин бора қарор қабул мекунад. Қарори қабулнамудаи иҷрочии мақомоти иҷро барои бақайдгирии молу мулке, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии ҳатмиро талаб мекунад, асос мешавад.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.​​​​​​​