Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Мадина Отабоева буд, ки бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи қоидаҳои умумии фурӯши молу мулки ғайриманқули қарздорро баррасӣ карданд.

 

Тартиби нигарониш ва қоидаҳои умумии фурӯши молу мулки ғайриманқули қарздор кадомҳоянд?

Нигаронидани ситониш ба молу мулки ғайриманқули қарздор бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи истеҳсолоти иҷро” ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

Ба молу мулки ғайриманқули ба гарав гузошташуда бо риояи ҳуқуқҳои гаравгир, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи истеҳсолоти иҷро” муқаррар намудааст, ситониш нигаронида мешавад. Нигаронидани ситониш ба молу мулки ғайриманқули ба гарав гузошташуда, инчунин дар ҳолате мумкин аст, ки агар санади судӣ ин молу мулкро ҳамчун далели шайъӣ ё бо роҳи содир кардани ҷиноят ба даст овардашуда эътироф намояд ва мусодираи онро ба манфиати давлат пешбинӣ намуда бошад.

Фурӯши молу мулки ғайриманқул дар асоси талаботи ҳуҷҷати иҷро бо роҳи фурӯш дар музояда амалӣ карда мешавад.

Музоядаи молу мулки ғайриманқул дар маҳалли ҷойгиршавии ҳамин молу мулк баргузор мегардад. Нархи ибтидоии молу мулки ғайриманқул дар асоси талаботи ҳуҷҷати иҷро ва дар ҳолати муайян набудани он, тибқи созишномаи байни гаравдеҳу гаравгир оид ба тасдиқи нархи ибтидоии фурӯши молу мулк ва ҳангоми баҳс аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро бо ҷалб намудани нархгузори мустақил муайян карда мешавад.

Иҷрочии мақомоти иҷро дар хусуси музоядаи баргузоршаванда бояд дар муҳлати на дертар аз сӣ рӯз то баргузор намудани он тавассути нашрияи даврие, ки мақоми иттилоотии расмӣ мебошад, бо зикри сана, вақт ва маҳалли баргузории музояда, хусусияти молу мулки фурӯшӣ ва нархи ибтидоии фурӯш огоҳ созад.

Шахсоне, ки мехоҳанд дар музояда иштирок намоянд, тибқи ҳаҷм, муҳлат ва тартибе, ки бояд дар огоҳиномаи музояда зикр шаванд, пешпардохт медиҳанд. Пешпардохт наметавонад аз панҷ фоизи нархи фурӯши ибтидоии молу мулки ғайриманқул зиёд бошад. Ба шахсоне, ки дар музояда иштирок дошта, вале ғолиб наомадаанд, пешпардохт баъди анҷоми музояда фавран баргардонида мешавад. Пешпардохт ҳамчунин ҳангоми баргузор нашудани музояда баргардонида мешавад.

 

Қоидаҳои дигари муҳими фурӯши молу мулки ғайриманқули қарздор кадомҳоянд?

Дар музоядаи молу мулки ғайриманқул ҳузур доштани шахсоне, ки иштирокчии он намебошанд, метавонад танҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади муътадил нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ маҳдуд карда шавад. Дар музояда дар ҳама ҳолат шахсоне, ки ба молу мулки ғайриманқули фурӯшӣ ҳуқуқи истифодабарӣ ё ба ҳамин молу мулк ҳуқуқи ашёӣ доранд, инчунин гаравгирон оид ба ипотекаҳои минбаъда метавонанд иштирок намоянд.

Ғолиби музояда шахсе эътироф мегардад, ки барои молу мулки фурӯшӣ нархи нисбатан баландтарро пешниҳод кардааст. Ин шахс ва иҷрочии мақомоти иҷро дар рӯзи баргузории он оид ба натиҷаҳои музояда протокол ба имзо мерасонанд.

Шахсе, ки ғолиби музояда гардидааст, бояд дар мӯҳлати панҷ рӯзи баъди анҷоми он маблағеро, ки ӯ бо он молу мулки ғайриманқулро харидааст (нархи харид), бо аз ҳисоб баровардани пешпардохт, ба суратҳисоби депозитии мақомоти иҷро гузаронад. Ҳангоми нагузаронидани ин маблағ пешпардохт баргардонида намешавад ва ба суратҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.

Нархи хариди молу мулк бо назардошти пешпардохти пардохтшуда дар ҳаҷми маблағи муайянгардидаи ҳуҷҷати иҷро ба ҳисоб гирифта мешавад.

Ҳангоми баргузорнашуда эътироф гаштани музоядаи такрорӣ ва бо худ нигоҳ доштани моликият аз ҷониби ситонанда, агар нархи молу мулки ғайриманқул аз ҳаҷми талаботи ҳуҷҷати иҷро зиёд бошад, ситонанда маблағи чунин фарқиятро ба суратҳисоби депозитии мақомоти иҷро мегузаронад.

Иҷрочии мақомоти иҷро ба ғолиби музояда дар мӯҳлати панҷ рӯзи корӣ аз лаҳзаи аз ҷониби ӯ гузаронида шудани маблағи нархи харид шартномаи хариду фурӯши молу мулки ғайриманқулро бо шакли оддии хаттӣ мебандад. Ин шартнома, протокол оид ба натиҷаҳои музоядаи молу мулки ғайриманқул ва қарори иҷрочии мақомоти иҷро дар бораи гузашти ҳуқуқи моликият барои ворид намудани сабтҳои дахлдор ба Феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ва бақайдгирии давлатии ҳуқуқи моликияти шахси ғолиби музояда асос мебошанд.

 

Дар кадом ҳолат музояда вобаста фуруши молу мулки ғайриманқул баргузорнашуда эълон мешавад? 

Иҷрочии мақомоти иҷро дар ҳолатҳои зерин музоядаро баргузорнашуда эълон мекунад, агар:

1) қарздор то оғози музояда иҷрои талаботи ҳуҷҷати иҷро ва хароҷоти вобаста ба истеҳсолоти иҷроро таъмин карда бошад;

2) ба музояда камтар аз ду нафар харидор омада бошад;

3) дар музояда ба нархи ибтидоии фурӯши молу мулки ғайриманқул маблағи иловагӣ пешниҳод нашуда бошад;

4) шахсе, ки ғолиби музояда гардидааст, маблағи молу мулки харидро дар муҳлати муқарраргардида нагузаронида бошад.

Музояда бояд дар мӯҳлати на дертар аз рӯзи дигаре, ки яке аз ҳолатҳои дар боло зикргардида ба миён омадааст, баргузорнашуда эълон карда шавад.

Дар муддати 10 рӯзи баъди баргузорнашуда эълон кардани музояда ситонанда ҳуқуқ дорад мувофиқи созишнома бо қарздор молу мулки ғайриманқулро бо нархи ибтидоии фурӯши он дар музояда ба даст орад. Нисбати чунин созишнома қоидаҳои қонунгузории мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шартномаи хариду фурӯш татбиқ мегарданд.

Агар созишнома дар хусуси аз ҷониби ситонанда харида шудани молу мулк, ки дар қонун пешбинӣ шудааст, ба вуқӯъ наомада бошад, дар мӯҳлати на дертар аз як моҳи баъди музоядаи ибтидоӣ, музоядаи такрорӣ баргузор мегардад. Нархи ибтидоии фурӯши молу мулки ғайриманқул дар музоядаи такрорӣ, агар он бо сабабҳои дар дар боло зикргардида ба миён омада бошад, то 15 фоиз кам карда мешавад. 

Дар сурати бо сабабҳои зикргардида баргузорнашуда эълон намудани музоядаи такрорӣ, ситонанда ҳуқуқ дорад молу мулки ғайриманқулро бо нархи на бештар аз 25 фоиз камтар аз нархи ибтидоии фурӯши он дар музоядаи ибтидоӣ ба даст орад. Иҷрочии мақомоти иҷро дар мудати панҷ рӯз оид ба натиҷаҳои музоядаи такрорӣ протокол тартиб медиҳад.

Агар ситонанда аз ҳуқуқи ба моликият қабул кардани молу мулки ғайриманқул дар мӯҳлати як моҳи баъди баргузорнашуда эълон кардани музоядаи такрорӣ истифода набарад, истеҳсолоти иҷро қатъ мегардад.

Баъди қатъшавии истеҳсолоти иҷро иҷрочии мақомоти иҷро дар бораи бекор кардани гузоштани ҳабс ба молу мулки ғайриманқул қарор қабул менамояд ва нусхаи онро ба мақомоти давлатии дахлдори бақайдгирандаи молу мулки ғайриманқул, молу мулки ба гарав гузошташуда ва нотариати давлатӣ ирсол менамояд.

 

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.