Ҳукумати Амрико ба мактабҳои Тоҷикистон 242 ҳазор китоби дарсии забони англисӣ ҳадя кардааст. Дар ин бора сафорати Амрико дар Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ки дар маросими супоридани китобҳо, ки 15-уми феврал дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон баргузор гардид, Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, Мануэл Микаллер, сафири ИМА дар Тоҷикистон ва Қозидавлат Қоимдодов, намояндаи доимии Шабакаи рушди Оғохон ширкат доштанд.
Ба гуфтаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон, ин тасмим дар пайи пуштибонии сиёсатҳои Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар заминаи омӯзиши забони англисӣ барои кӯдакон рӯи даст гирифта шудааст.
Ин китобҳо барои хонандагон ва муаллимони синфҳои 10 ва 11 –и мактабҳои Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
“Он аз 115 ҳазор китоби дарсӣ барои синфи 10, 115 ҳазор барои синфи 11, 12 ҳазор китоб барои муаллимони синфҳои 10 ва 11 ва 12 ҳазор фиттаҳо дорои маводи таълимӣ барои муаллимон баҳри таълими дарсҳои ба хонандагон нигаронидашуда, иборат мебошанд”, - омадааст дар хабари сафорат.
Ба иттилои ин ниҳоди дипломатӣ, китобҳо ба меъёрҳои муқаррарнамудаи Вазорати маориф ва илм барои барномаҳои таълимии забони англисӣ мувофиқат мекунанд ва дар онҳо усулҳои муосири омӯзиши забонҳо, яъне таълими ба хонанда нигаронидашуда, таълими коммуникативӣ ва омӯзиш дар асоси машқҳо истифода мешаванд, ки ба рушди тафаккури интиқодӣ мусоидат мекунанд. Дар китобҳои дарсӣ ва машқҳо аз заминаи фарҳангӣ ва таърихи тоҷикон ва фарҳангҳои саросари ҷаҳон истифода шудааст.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/334037/%D0%BA%D0%B8%D1%82%D0%BE%D0%B1%201.jpg)
Манбаъ менависад, ки дар оянда сафорати ИМА барои хонандагони синфҳои 8 ва 9-и мактабҳои Тоҷикистон 352 ҳазору 611 китоби дарсии забони англисии дигар, ки 5 ҳазору 800 китоб барои омузгорон ва 5800 фиттаҳо барои омӯзиши мустақилонаю истифодаи самараноки захираҳои мавҷударо дар бар мегирад, медиҳад.
Бояд гуфт, таваҷҷуҳ ба омӯзиши забони англисӣ дар Тоҷикистон зиёд буда, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар суханрониҳояш ҳамеша аз омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ таъкид мекунад.
Зимнан Тоҷикистон дар рӯйхати донандагони забони англисӣ дар ҷаҳон як зина пеш аз охир қарор дорад.
94% марзи Тоҷикистону Қирғизистон муайян шуд. Баъди 3 соли баста будан, сарҳади ду кишвар боз мешавад?
Ҷустуҷӯи ҷасади Рӯзигули 13-сола баъди 8 моҳи ғарқшавияш. Масъулин сабаби таъхири кофтуковро шарҳ доданд
Дар шаҳрдории пойтахт чӣ гуна мехоҳанд мушкили ифлосшавии кӯчаҳоро бартараф кунанд?
Вазири маориф: “Волидон ба истифодаи планшету телефон дар мактаб розӣ нашуданд”
“Ҳама иншооти сайёҳиро месанҷанд”. Нигаронии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ аз кам будани шаркатҳои сайёҳӣ
Раҳим Саидзода: Дар Тоҷикистон 2 ҳазору 670 омӯзгор намерасад
Киҳо аз ҳама зиёдтар аз истифодаи барқ қарздоранд?
Имрӯз дар Париж Бозиҳои олимпӣ оғоз мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Фаросати Луқмон”
Агентӣ: Имсол об барои обёрӣ дар Тоҷикистон камбуд намешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста