То охири ҳафтаи ҷорӣ обуҳаво дар Тоҷикистон ноустувор боқӣ монда, барфу борон меборад, баъзан боришот пуршиддат мешавад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад.
Дар ин рӯзҳо каме сард шудани ҳаво ва якчанд дараҷа поин рафтани ҳарорат дар аввали фасли баҳор дар назар аст.
Ба ин тариқ, дар ин давра дар пойтахт рӯзона борон борида, пагоҳ барф дар назар аст. Ҳарорат шабона 1-3 ва рӯзона 6-8 ва дар вақти боридани барфи тар то 3-5 дараҷа гарм мешавад.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо барфу борон меборад. Ҳарорат дар водиҳо аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 2-7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 0-5 то 5-10 дараҷа хунук, рӯзона аз 0-5 дараҷа хунук то 0-5 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд низ дар ин рӯзҳо ҳавои абрнок ва боридани борону барф пешбинӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 1-6 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар муқоиса бо дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон то рӯзи 29 феврал борону барф меборад. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 2-7 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муддати тамоми ҳафта борону барф меборад. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук, баъзан то 2 дараҷа гарм, рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, баъзан то 3-5 даарҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 19-24 дараҷа хунук, баъзан 36-38 дараҷа хунук, рӯзона 3-8 дараҷа хунук, баъзан то 11-13 дараҷа хунук мешавад.