Дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни “Кадбонуи беҳтарин” ҷамъбаст гардид. Дар ин бора Муяссара Мавлонӣ, муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи ҳукумати вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар озмун ғолибони даври аввал аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи 6 бахш иштирок кардаанд
* ороиши дастархон, доштани малакаи дурусти истифода ва гузоштани зарфҳои болои миз;
* омода ва пешниҳоди таомҳои субҳона, чоштгоҳ (пешин) ва шом;
* пешниҳоди маълумот оид ба номи дурусти таом, ғизонокӣ ва таркиби он дар лавҳаҳо;
* маҳорати пухтани хӯрокҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир;
* маҳорати омода намудани хӯришҳо;
* малакаи шӯридани намудҳои мухталифи хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулоти ордӣ.
“Аз рӯйи нишондиҳандаҳо ва хулосаи аъзои комиссияи озмун ғолибон муайян карда шуда, бо дипломҳои дараҷавӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Ӯ афзуд, ки “ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгон дар самти омода намудани таомҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона мебошад”.
Аз ҷумла, аз рӯйи наминатсияи “Ороиши дастархон, доштани малакаи дурусти истифода ва гузоштани зарфҳи болои миз” шаҳрҳои:
1.Бӯстон
2.Спитамен
3. Истаравшан
Аз рӯйи наминатсияи “Омода ва пешниҳоди таомҳои субҳона, чоштгоҳ (пешин) ва шом”
1.Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
2.Шаҳри Исфара
3.Ноҳияи Деваштич
Аз рӯйи “Пешниҳоди маълумот оид ба номи дурусти таом, ғизонокӣ ва таркиби он дар лавҳаҳо”;
1. Шаҳри Панҷакент
2. Ноҳияи Зафаробод
3. Ноҳияи Ҷаббор Расулов
Аз рӯйи номинатсияи “Маҳорати пухтани хӯрокҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир”
1. Ноҳияи Ҷаббор Расулов
2. Шаҳри Конибодом
3. Шаҳри Истиқлол
Аз рӯйи номинатсияи “Маҳорати омода намудани хӯришҳо”;
1 Шаҳри Гулистон
2 Ноҳияи Шаҳристон
3 Ноҳияи Айнӣ
Аз рӯйи номинатсияи “Малакаи шӯридани намудҳои мухталифи хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулоти ордӣ”.
1.Мастчоҳ
2.Ашт
3. Хуҷанд
Оғози сохтмони театри ҷумҳуриявӣ ва чанд мактаб дар Данғара бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон
Тоҷикистон соли равон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи 82,3 млн доллар барқ интиқол дод
Қабули қатъномаи нав дар бораи Фаластин бо ҳимояи Тоҷикистон ва 123 кишвари дигар
“Қариб дастонамро мешикастанд”. Ихроҷи донишҷӯи тоҷик аз Русия
Аз 63 сокини Тоҷикистон 1 нафар маъюб аст. Шумораи маъюбон чӣ қадар аст?
Анҷоми хусусигардонӣ? Бонки ҷаҳонӣ гуфт, хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ ба кундӣ пеш меравад
Ҳалокати 20 нафар дар мавҷи дувуми таркиши дастгоҳҳои иртиботии "Ҳизбуллоҳ"
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Нишони зоҳиру ботин”
“Зада, миёнамро маъиб карданд”. Қиссаи муҳоҷирони тоҷики аз Русия ихроҷшуда
"Равшан" аз Ҳиндустон бо як имтиёз бармегардад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста