Тайи солҳои ахир ҳарчи бештар сайёҳони хориҷӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Бо истифода аз ин имконият ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ кӯшиш мекунад, ки ба меҳмонон пешниҳодҳои беназир дошта бошад, то ки ба шарофати онҳо вуруди сайёҳон ба таври назаррас зиёд шавад.

Сабаби дубора матраҳ кардани ин мавзӯъ пас аз як иқдоми навбатии ҳамсояҳои мо пайдо шуд. Чанде пеш президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев нақшаҳои рушди сайёҳӣ дар вилояти Хоразмро муаррифӣ кард. Ба ин тариқ, дар он ҷо барои сайёҳони хориҷӣ раводиди махсус ҷорӣ карда мешавад, ки ба онҳо ҷиҳати боздид аз Хоразм бидуни маҳдудият дар тӯли сол имкон медиҳад.

Мақомот ҳамчунин ният доранд, ки барои поин бурдани қимати билети ҳавопаймо ба Урганҷ ва дигар шаҳрҳои ин минтақа миллионҳо доллар равона карда, ба соҳибкорон барои сохтмони меҳмонхонаҳо ва иншооти фароғатӣ қарзи имтиёзнок ҷудо кунанд.

Хуб, чӣ ба мо кӯмак карда метавонад, ки кишвар барои сайёҳон ҷолибтар шавад?

Раводидҳои дарозмуҳлат барои боздид аз Помир

Помир бешубҳа яке аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон аст, ки метавонад ба хазинаи давлатии кишвар даромади қобили мулоҳиза ворид кунад.

Аммо, тааҷҷубовар он аст, ки ин маҳз ба ҳамин минтақа сафар кардан барои сайёҳон душвории зиёд меорад. Бар замми дурдастӣ, барои сафар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамчун як минтақаи наздимарзӣ, шаҳрвандони хориҷӣ бояд навъи махсуси иҷозатнома гиранд.

Кӯли Сарез
Сурат аз Нодир Турсунзода

Андешаҳои коршиносон дар ин бора яксон нестанд. Бархе бар ин боваранд, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ фоидаи зиёд намеоранд, аммо бекор кардани онҳо метавонад даҳҳо маротиба аз ҷиҳати иқтисодӣ судмандтар бошад.

Дигарон мутмаинанд, ки иҷозаи боздид аз ин минтақаи ҷолибу нодир, вале ҳамзамон мураккаб аз нуқтаи назари геополитикӣ, барои амнияти худи сайёҳон зарур аст.

Аммо комилан ҳамаи мутахассисони соҳа дар як масъала назари якхела доранд: монеаҳои мавҷуда ба рушди сайёҳӣ дар Помирро, ки дар иқтисоди ин минтақаи дурдаст нақши бузург мебозад, бартараф кардан лозим аст.

Ивази иҷозаи вуруд метавонад раводид (виза)-и дарозмуҳлат бошад, ки ба боздид аз Помир барои муддати муайян бидуни маҳдудият имкон дода, вуруди сайёҳони навро, ки мехоҳанд ба ин минтақаи зебоманзари кӯҳистонӣ сафар кунанд, ҳавасманд созад.

Сурат аз Аловиддин Калонов

Алоқаи ҳавоӣ бо ВМКБ

Тааҷҷубовар аст, ки боздид аз минтақаи ҷолибтарини Тоҷикистон барои сайёҳон мушкил боқӣ мемонад ва натанҳо бо сабаби иҷозатнома. Имрӯз роҳи ягонаи расидан ба Бадахшон - бо мошин аст.

Дар баробари ин, на ҳар кас ба тай кардани чунин роҳу дуру дароз ва хавфнок қодир аст. Роҳ пурпечутоб ва аз мавзеи кӯҳистон гузашта, 12-15 соат вақтро мегирад.

Дигар имкони ба Помир расидан нест: қатора ба он ҷо намеравад ва ҳавопаймоҳо парвоз намекунанд. Алоқаи ҳавоӣ бо ВМКБ соли 2017 бо сабаби мушкилоти молиявӣ ва техникӣ қатъ шуда буд.

Раиси Агентии авиатсияи гражданӣ Дилшод Сафарзода дар нишасти солонаи хабарӣ гуфт, дар ин самт, пеш аз ҳама, бинобар сабаби мавҷуд набудани ҳавопаймоҳои мувофиқ парвозҳо вуҷуд надоранд.

Дар ҳамин ҳол, истифодаи ҳавопаймоҳои мавҷудаи ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" ба далели гаронии қимати сӯзишворӣ дар масири нисбатан кӯтоҳи парвоз бесамар аст.

Роҳи Помир
Сурат аз Аловиддин Калонов

Ба гуфтаи ӯ, айни замон барои дарёфти ҳавопаймои мувофиқ бо муҳаррики сарфакор гуфтушунидҳо ҷараён доранд.

Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистонро ҷумҳурии аз ҳама серпарвоз меномиданд. Он замон аз Душанбе ба Хоруғ ва бозгашт аз он ҷо дар як рӯз аз 10 то 14 парвоз анҷом дода мешуд! Нархи билет ҳамагӣ 16 рубл буд (барои муқоиса, стипендияи донишҷӯ 40 рубл ва маоши зани фаррош 90 рубл буд).

Имрӯз набудани хатсайри мунтазами ҳавоӣ ба шаҳри Хоруғ имкони рушди ВМКБ, аз ҷумла бахши сайёҳиро кам мекунад. Ба гуфтаи коршиносон, кайҳо вақти он расидааст, ки барои парвози ҳавопаймо ба Помир барномаи кумаки молиявии имтиёзнок таҳия карда шавад.

Самтҳои васеи парвозҳо

Барои расидан ба Тоҷикистон меҳмонон бо сабаби набудани парвози мустақим маҷбур мешаванд, ки тавассути фурудгоҳҳои кишварҳои сеюм ба ин ҷо оянд. Дар баробари ин, хароҷоти зиёди сафар ва билетҳои гарони ҳавопаймо низ наметавонанд ба имиҷи сайёҳии кишвар таъсири мусбат расонанд.

Ғуруб. Хуросон - Ёвон
Сурат аз Акмал Усмонов

Дар чунин вазъ рақобатпазирии Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя, ки дастрасӣ ба онҳо хеле арзону қулайтар аст,  нисбатан камтар мешавад.

Масалан, аз фурудгоҳи Тошканд қариб ба тамоми самтҳо парвоз кардан мумкин аст. Дуруст аст, ки ҳам майдони фурудгоҳ ва ҳам сатҳи хидматрасонии зерсохтори фурудгоҳи байналмилалии Тошканд аз фурудгоҳи Душанбе хеле баландтар аст.

Албатта, рақобати Тоҷикистон бо Ӯзбекистон аз лиҳози парвозҳои байналмилалӣ ва иртиботӣ, метрои Тошканд, қатораҳои минтақавии баландсуръат ва мавзеъҳои таърихии дар ҷаҳон маъруф, душвор аст.

Аммо ҳатто агар бо Қирғизистони барои мо мувофиқ муқоиса кунем ҳам, аз ҷиҳати дастрасӣ ва шумораи зиёди парвозҳо ин кишвар хеле ҷолибтар аст.

Интернети босуръат ва дастрас

Ҳангоми сафар таъмини алоқаи Интернет барои сайёҳони хориҷӣ фавқулода муҳим аст.

Дар алоқаи мустақим (онлайн) будан ба меҳмонон имкон медиҳад, ки ҷойҳои сафарро муайян карда, таксӣ ё хӯрок фармоиш диҳанд ва бо ёрии тарҷумон бо сокинони маҳаллӣ гуфтугӯ кунанд.

Аммо мутаассифона, Тоҷикистон аз лиҳози суръат ва арзиши интернети мобилӣ дер боз дар зинаҳои охири радабандиҳо қарор дорад. Ҳатто дар байни кишварҳои ҳамсоя мо дар ин нишондод қафотаринем.

Коршиносон мутмаинанд, ки дар сурати аз байн бурдани монополияи давлатӣ дар таъмини интернет ва муҳайё сохтани имкони рақобати озод ба ширкатҳои мобилӣ ва ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон), вазъро беҳтар кардан мумкин аст.

Дар масъалаи зуд дарёфт намудани симкортҳо низ мушкилот вуҷуд дорад. Илова бар ин, барои сайёҳон онҳо танҳо даҳ рӯз эътибор доранд, ки вақти будубоши онҳоро дар кишвар маҳдуд мекунад.

Сайёҳон дар водии Яғноб
Сурат аз Аловиддин Калонов

Сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон ҳангоми зарурати дарёфти асъори хориҷӣ низ ба нороҳатӣ дучор мешаванд: банкоматҳо аксаран доллар надоранд ва ё кортҳои хориҷиро қабул намекунанд.

Маълумоти бештар дар бораи кишвар

Пеш аз сафар ба ин ё он кишвари нав, сайёҳон маъмулан аз Интернет дар ин бора маълумоти муфассал ҷустуҷӯ карда, бо шарҳу таассуроти дигар сайёҳон шинос мешаванд.

Сайёҳоне, ки вақти худро қадр мекунанд, сафарҳоро ба таври қулай ва оқилона дар порталҳои интернетии сайёҳӣ ва системаҳои ҷустуҷӯӣ интихоб мекунанд.

Рашт
Сурат аз Аловиддин Калонов

Аммо дар бораи Тоҷикистон ва иқтидори сайёҳии он дар интернет маълумот ниҳоят кам буда, бо забони англисӣ ва дигар забонҳо қариб вуҷуд надорад.

Ҳамчунин дар онлайн-сервиси Booking.com, ки дар он бо якчанд пахш меҳмонхона фармоиш додан имкон дорад, маълумот дар бораи кишвар маҳдуд аст.

Коршиносон мегӯянд, ки таблиғоти нокофӣ ва бесаводона дар бозори гардишгарӣ муҳимтарин омили монеи рушди сайёҳӣ дар ҳама гуна кишвар аст.

Барои зиёд кардани таваҷҷуҳи сайёҳони имконпазир ба Тоҷикистон мунтазам паҳн кардани маълумоти ҷолибу муҳим дар платформаҳои байналмилалӣ, ҳузур доштан дар сервисҳои маъмули фармоиш (бронкунӣ)-и хидматрасониҳо, таблиғ ва пешбурди кишвар дар радабандиҳо ва феҳристҳои гуногун муҳим аст.

Дар ин замина ҳамкорӣ бо блогерҳо ва рӯзноманигорон метавонад муфид бошад.

Кӯли Аловуддин
Сурат аз Аловиддин Калонов

Илова бар ин, худи сайёҳон аксар вақт дар бораи кишвари маъқулшуда видеоҳои ҷолиб таҳия мекунанд, мақолаҳои шавқовар менависанд ё аксҳои зебо мегузоранд. Ва дар ин ҷо низ, боз ҳам Интернети босуръат ва дастрас муҳим аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.