Гурӯҳи аввалини зойирини тоҷик рӯзи 25 май ба адои маросими ҳаҷ рафтанд. Дар ин бора аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ин гурӯҳи иборат аз 165 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ тариқи ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” ба Ҷидда раҳсипор шуданд.
Дар фурудгоҳи Душанбе гурӯҳи зойиринро раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷумҳурӣ Сулаймон Давлатзода ва сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон гусел карданд.
Ёдрас мекунем, ки барои адои маносики ҳаҷи фарзӣ дар соли 2024 Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кард.
Дар соли 2024 зойирини тоҷик барои адои маросими ҳаҷи фарзӣ нисбат ба соли 2023 камтар маблағ пардохт мекунанд. Арзиши он соли гузашта 59 ҳазор сомонӣ ва соли 2022 - 61 ҳазор сомониро ташкил дода, имсол ба 57 ҳазор сомонӣ баробар аст.
Ба ҳаҷ фиристодани зойирин танҳо тавассути муассисаҳои ваколатдори давлатӣ сурат гирифта, ҳеҷ кас ё ҳеҷ яке аз ширкатҳои сайёҳӣ барои ташкил ва таъмини шароит барои будубоши зойирин ҳуқуқ надорад.
Мувофиқи тартиби нав, мақомоти Арабистони Саудӣ шаҳрвандони хориҷӣ ва сокинони кишварро дар бораи муҷозоти имконпазир барои иштироки ғайриқонунӣ дар мавсими Ҳаҷ-2024 огоҳ карданд.
Аз ҷумла, шахсоне, ки барои маросими адои ҳаҷ иҷоза надоранд, метавонанд ба муҳлати аз 2 то 6 моҳ ҳукми зиндон гиранд ва то 50 ҳазор риёл (зиёда аз 13,3 ҳазор доллар) ҷарима шаванд.
Ҳамчунин шаҳрвандони хориҷие, ки дар робита ба ин амал боздошт мешаванд, мавриди ихроҷ қарор гирифта, вурудашон ба кишвар ба муҳлати 10 сол манъ карда мешавад.
Афзоиши идрорпулии президентӣ барои мактаббачаҳо ва донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо
Думаи давлатӣ тарҳеро пазируфт, ки имкон медиҳад Толибон аз феҳристи созмонҳои террористӣ берун шаванд
Либияву Ироқи сонӣ ё лонаи ифротиён. Сурияро чӣ интизор аст ва ҳаводиси ин кишвар ба Осиёи Марказӣ чӣ хатар дорад?
Чанд соҳибкор барои фурӯши маҳсулоти пастсифат беш аз 183 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд
Иттиҳоми нав дар парвандаи чеҳраҳои шинохта. Абдулфайз Атоӣ ба қаллобӣ ҳам муттаҳам шудааст
Кадом варзишгарони тоҷик дар рӯйхати футболбозони гаронарзиши Осиёи Марказӣ ҳастанд?
Чин шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон мешавад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Фармондеҳи ҷавон"
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи обуҳаво барои 11 декабри соли 2024
Акнун соҳибони скутерҳо ҳам бояд рақами давлатӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирӣ гиранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста