Арзиши хидматрасониҳои сафар ба Ҳаҷ дар соли 2025-ум 56 ҳазору 800 сомонӣ муқаррар шуда, он ғайринақдӣ тавассути “Ориёнбонк” пардохт карда мешавад. Замони сафари Ҳаҷ-2025 нимаи дуюми моҳи май буда, то нимаҳои моҳи июн давом мекунад. Дар ин бора Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ин нархнома нисбат ба соли гузашта 200 сомонӣ арзонтар аст. Соли қаблӣ 57 ҳазор сомонӣ буд. Нархномаи сафари ҳаҷ дар соли 2024 ҳам назар ба соли 2023-юм 2 ҳазор сомонӣ арзон буд.
Аз Кумитаи дин гуфтанд, ки соли 2022 Арабистони Саудӣ барои ҳифзи саломатии зоирон баъзе шароитро муҳайё карда, барои он маблағи бештар таъйин намуд, вале пас аз гузашти пандемияи коронавирус ин шароитҳои иловагӣ бардошта ва нархнома сол ба сол поин омад.
Афшини Муқим гуфт, ки ин маблағ дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон таъйин шуд ва ба он харидории чиптаи ҳавопаймо (рафту баргашт), иҷораи меҳмонхона дар шаҳрҳои Макка ва Мадина, хидматрасонии роҳбаладон, таъмини се вақт хӯрок дар давоми сафар дохил мешавад.
"Ҳамчунин, ин маблағ барои хидматрасонии роҳбаладон, таъмини шароити иқдомат дар Мино, Арафот ва Муздалифа, таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён дар масири Ҷидда-Макка-Мино-Арафот-Муздалифа-Мино-Макка-Мадина, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина ва таъмини онҳо бо маводи доруворӣ, суғурта, падохти боҷи давлатӣ, таъмини ҳоҷиён бо китоб дар бораи маносики ҳаҷ ва таҳияи бейҷикҳо истифода мешавад”, - гуфт ин масъули Кумитаи дин.
Имсол ҳам Арабистони Саудӣ барои мавсими Ҳаҷи имсола ба шаҳрвандони Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кард.
Ба иттилои манбаъ, сафарбарнамоии довталабон ба ҳаҷ дар нимаи дуюми моҳи май дар назар дошта шудааст.
Ӯ таъкид кард, ки ҳаҷ танҳо тавассути ниҳодҳои давлатии ваколатдори кишварҳо амалӣ карда мешавад ва ҳеч шахс ва ҳеч ширкати сайёҳие салоҳият ва имконияти сафарбарнамоӣ ва таъмини шароити будубоши ҳаҷравандагонро надорад.
“Имрӯзҳо ба мушоҳида мерасад, ки ширкатҳои сайёҳӣ ва афроди алоҳидае аз кишварҳои дигар бо таблиғоти густурда тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мардумро барои адои маросими ҳаҷ дар соли равон даъват намуда истодаанд. Таблиғоти чунин афрод танҳо бо ҳадафи тақаллуб ва фиреби сокинон ба роҳ монда шудааст”,- гуфтааст Кумитаи дин.
Бояд гуфт, ки тибқи тартиби нави ҷоринамудаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба афроде, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ барои адои маносики ҳаҷ сафар мекунанд, ҷарима, ҳабс ба муддати шаш моҳ, инчунин ихроҷ бо маҳрумият аз ҳуқуқи воридшавӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба муддати 10 сол таҳдид мекунад.
Дар робита ба ин, Кумитаи дин аз ҳамватанон хоҳиш дорад, ки “ба таблиғоти бардурӯғи афроди манфиатхоҳ дода нашаванд, то ба доми фиреби онҳо наафтанд”.
Ёдовар мешавем, ки дар 20 соли охир аз саросари ҷаҳон қариб 40 миллион мусулмон барои адо кардани рукни панҷуми дини Ислом ба ҳаҷ сафар кардаанд. Соли 2023 теъдоди рекордии зоирон озими Арабистони Саудӣ шуда буданд. Ин ва дигар маълумотҳои рабтдошта ба ҳаҷҷи фарзиро дар инфографикаи “Азия-Плюс” бубинед.
Яке аз маҳкумшудагони куштори оилаҳо дар Конибодомро ба зиндони Ваҳдат интиқол додаанд
Ҷустуҷӯи ҷасади се тан идома дорад. Ғарқ шудани чор нафар дар ду рӯзи охир
Муҳаммад Наимов барои ғалаба дар мусобиқаи "UFC Fight Night" чӣ қадар мукофотпулӣ гирифт?
Буҳрони доимӣ ё душвориҳои муваққатӣ? Чаро дар Хуҷанд автобусҳо боз аз равуо бозмонданд?
Ҷашни Тиргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Русия аз ҳисоби патенти муҳоҷирон миллиардҳо рубл даромад гирифтааст
Тоҷикистон ҳамлаи Амрико ва Исроил ба таъсисоти ҳастаии Эронро қатъиян маҳкум кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 июни соли 2025
Саноати Тоҷикистон: рақамҳои таъсирбахш, вале воқеияти нигаронкунанда
Дар ҳавои гарм чӣ хӯрдану чӣ нӯшидан лозим нест?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста