Имрӯз, 30-юми апрел дар Сафорати Эрон дар Душанбе дар робита ба таркиш дар бандари “Шаҳид Раҷоӣ”-и шаҳри Бандар Аббоси Эрон, ки боиси куштаву захмӣ шудани даҳҳо шаҳрванди ин кишвар шуд, дафтари ёдбуд боз гардид.
Дар маросими мазкур вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Муҳриддин омада, дар дафтари ёддошт аз номи кишвар арзи таслият баён кард.
Ӯ дар паёмаш ба ҳукумат ва мардуми Эрон, ба вижа ба хонавода ва наздикони фавтидагон ҳамдардӣ изҳор дошта, ба онҳо сабри ҷамил ва ба захмиёни ин таркиш шифои оҷилу комил орзу намуд.

Дар ин баробар, намояндагони илму адабу фарҳанги тоҷик барои изҳори ҳамдардӣ ба Сафорати Эрон дар Душанбе омаданд. Аз ҷумла, раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Эрон Кароматулло Олимов, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдод, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Абдулмумин Шарифӣ, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, рӯзноманигорон ва дигар чеҳраҳои шинохта дар дафтари ёдбуд изҳори ҳамдардӣ навиштанд.
Сафирони кишварҳои гуногуне чун Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Қатар, Беларус, Ҳиндустон, Ҷопон, Туркия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Русия, Фаластин ҳам дар ба мардуми Эрон ва пайвандони ҷонбохтагон арзи таслият баён карданд.
Бояд гуфт, ки ин маросим то 16:00 давом мекунад.
Қаблан, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар робита ба ин инфиҷори шадид ба раиси ҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуда буд.
Ёдовар мешавем, ки дар инфиҷор дар шаҳри Бандар Аббос, ки рӯзи 26-уми апрел рух дод, тибқи маълумот охирин, 70 кас ҷон бохта беш аз 1200 нафар осеб бардоштаанд. Хисороти молии ин ҳодиса то ҳол эълон нашудааст. Бархе ҷузъиёти ин ҳодисаро дар ин хабари “Азия-Плюс” мутолиа кунед.




Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста