Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз фазои ҷумҳуриро фаро гирифтани тӯфони гарду ғубор ва омадани сел дар баъзе минтақаҳо огоҳ мекунад.

Ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, рӯзҳои 6-7 майи соли ҷорӣ бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар баъзе минтақаҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ омадани селҳо аз эҳтимол дур нест.

Гуфта мешавад, аз 8 то 10 майи соли ҷорӣ дар қаламрави Тоҷикистон тӯфони чангу ғубори шиддатнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои ҷануб ва шимоли ҷумҳурӣ шиддатнокии вазиши шамол 15-20м/с пурзӯр мешавад.

“Шароити номусоиди метеорологӣ боиси баланд шудани миқдори зиёди чанг дар атмосфера ва паст шудани сифати ҳаво мегардад, - омадааст дар хабар. - Дар аксари минтақаҳои кишвар консентратсияи зарраҳои муаллақи андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) ва 10мкр (Рм-10) аз меъёрҳои муқаррарӣ хеле зиёдтар пешгӯӣ мешавад, ки метавонад ба саломатии аҳолӣ таъсири манфӣ расонад, аз ҷумла, бемориҳои узвҳои нафаскашӣ ва системаи дилу рагҳо метавонанд шиддат гиранд”.

Кумита дар ин рӯзҳо ба аҳолӣ (кӯдакон ва наврасон, пиронсолон, занони ҳомила, одамони гирифтори бемориҳои системаи нафаскашӣ (астма, бронхит, бемориҳои музмини шуш), одамони гирифтори бемориҳои дилу раг, шахсони масуният (иммунитет)-и сустдошта чунин тавсияҳо додааст.

- Агар имконият бошад, бе зарурат аз хона набароед;

- Ниқобҳои муҳофизатиро истифода кунед;

- Фаъолияти ҷисмониро дар беруни бино маҳдуд кунед;

- Пӯшидани дару тирезаҳо ва агар мавҷуд бошад, таҷҳизоти тозакунандаи ҳаворо истифода намоед;

- Ҳангоми бад шудани вазъи саломатӣ фавран ба духтур муроҷиат намоед.

Дар ин маводи “Азия-Плюс” таҳти унвони “Тоҷикистонро чангу ғубор фаро мегирад. Он чӣ хатар дорад ва барои пешгирӣ чӣ бояд кард?” метавонед бештар муфассал дар бораи тӯфони гарду ғубор ва таъсири он ба муҳиту солимии инсон маълумот дарёфт кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.