Сарфи назар аз захираҳои бойи алафу гиёҳ ва растаниҳои шифобахш, рушди соҳаи дорусозии Тоҷикистон нокофӣ боқӣ мемонад. Чаро ин бахш ба усули “бихар-фурӯш” асос ёфтааст ва ба истифодаи захираҳои табиӣ барои некӯаҳволии мардум чӣ халал мерасонад?

“Тиллои сабз”-и кишвар

Тоҷикистон як биҳишти ҳақиқиест барои дорусозон ва ботаникҳо. Дар ин ҷо зиёда аз 3500 навъи гиёҳу растниҳои шифобахш парвариш меёбанд, ки бисёре аз онҳо дар тибби мардумӣ истифода мешуданд.

Алафу гиёҳ ва буттаҳои шифобахш ва серталаби зеринро метавон ном бурд: ширинбия, пудина, пижма, тугмагул, календула, решаи коснӣ, қашақабеда, нардсунбул (валериана), хуч, зағоса (эфедра), гули мино, ангат, шираи камол, газна, лимӯгиёҳ, заъфарон, тархун ва боз бисёр ба ин монанд алафу гиёҳ ва буттаҳои шифобахши дигар.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар кишвар 67 корхонаи дорусозӣ амал мекунанд, ки қариб 600 навъ ва 350 номгӯйи дору ва маснуоту маводи таъиноти тиббӣ истеҳсол мекунанд.

Ва ҳарчанд истеҳсоли дору сол то сол меафзояд, воридот то ҳол дар бозор мавқеи намоён дорад. Тайи ду соли ахир ба Тоҷикистон қариб ба маблағи 84 млн доллар дору ворид шудааст, ки ба вобастагии зиёд аз истеҳсолкунандагони хориҷӣ ишора мекунад.

Аз истеҳсол ба савдои чакана

Дар замони шӯравӣ соҳаи дорусозӣ як низоми баланди ташкили ташкил медод, ки ба илму истеҳсолот пайвасти зич дошт.

Дорухонаҳои марказӣ вазифаи муҳимро иҷро мекарданд. Дар онҳо мувофиқи дорухат доруҳои муҳлати коршоямиашон кӯтоҳро истеҳсол мекарданд, ки истеҳсолашон дар шакли бузургмиқёс мувофиқи мақсад набуд. Ин имкон медод, ки ҳатто бемороне бо дору таъмин шаванд, ки талаботашонро истеҳсол дар корхонаҳо қонеъ карда наметавонист.

Дорухонаи №7 дар замони шӯравӣ, ҳоло дорухонаи марказӣ дар Хуҷанд

Дар он солҳо низоми омодасозии кадрҳо ва назорати сифати доруҳо дар ҳоли рушди фаъолона қарор дошт. Марказҳои илмиву озмоишӣ, ки ба коркарди маводи нав бар асоси ашёи хоми растании маҳаллӣ ва фитотерапияи маъмулӣ машғул буданд, кор мекарданд.

Аммо пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) Кумитаи соҳавӣ барҳам дода шуд. Солҳои 90-ум баҳри нигаҳдории соҳаи дорусозӣ талошҳо буданд - қонунҳои нав қабул шуда, муассисаҳои илмӣ таъсис меёфтанд. Лекин бар асари душвориҳои иқтисодӣ соҳа тадриҷан ба таназзул оғоз кард.

Имрӯз соҳаи дорусозӣ дар Тоҷикистон амалан ба бозори савдои чаканаи маводи тиббии воридотӣ табдил ёфтааст.

“Мо асосан дору ва маводи тиббии воридотӣ мефурӯшем. Албатта, ҳастанд дорухонаҳое, ки доруҳои истеҳсоли ватаниро мефурӯшанд, вале ин фоизи камро ташкил медиҳад”, — гуфтанд дар ширкати «Аслфарм», шабакаи бузурги дорухонаҳои Тоҷикистон.

Мутаассифона, муносибат ба тайёр кардани кадрҳо низ тағйир ёфтааст. Ихтисоси кормандони ҳозираи дорухонаҳо аксаран танҳо бо маълумоти заминавӣ ва курсҳои кӯтоҳи такмили ихтисос маҳдуд мешавад, ки асосан ба фурӯш равона шудаанд.

Дорухонаи "Аслфарм" дар Хуҷанд
Сурат аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Мутахассисони ҳақиқие, ки тавонанд таркиб ва амали мутақобилаи доруҳоро амиқ дарк кунанд ва бахусус худашон истеҳсол намоянд, қариб ки боқӣ намондаанд.

“Ҳамаи кормандони дорухонаи мо бояд маълумоти тиббӣ дошта бошанд — хоҳ дипломи коллеҷи тиббӣ бошад, хоҳ донишгоҳ. Ҳангоми зарурат, бо мақсади фаҳмиши амиқтари номгӯи доруҳо, барои кормандон курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат баргузор мекунем”, — зикр карданд дар ширкат.

Вақте ки дорухона танҳо дӯкони фурӯш нест

Дар Исфара мо намунаи нодири он чизеро ёфтем, ки дорусозии ҳақиқӣ чӣ гуна буда метавонад. Дар он ҷо назди беморхонаи марказии шаҳр шуъбаи комили фитотерапия (муолиҷа бо растанӣ ва гиёҳҳои шифобахш) фаъолият мекунад.

Онро Абӯбакр Файзиев, дорусоз (провизор)-и соҳибтаҷриба таъсис дода, то имрӯз роҳбарӣ мекунад. Ӯ дар замони бастаҳои зебо ва воридоти оммавӣ ба ҳунари дорусозӣ маънӣ баргардонд.

Ин шуъба аз соли 2012 ба фаъолият оғоз намудааст.

Шуъбаи фитотерапия дар назди беморхонаи шаҳри Исфара
Сурат: Asia-Plus

Бо кӯшиши ҳифзи маънии аслии касби худ, Файзиев бо хароҷоти шахсӣ бинои партофташударо таъмир карда, ҷамъоварии растаниҳои шифобахшро ба роҳ монд ва дорухатҳои фаромӯшшударо эҳё намуда, аз сифр системаи фаъол ва муассиреро сохт.

Имрӯз дар ин ҷо тақрибан 25 намуди ҷӯшоба ва шираву қиёмҳо омода шуда, тахминан нисфи ашёи хомро худи кормандон ҷамъоварӣ мекунанд.

Ифтихори асосии дорусози исфарагӣ эътимоди мардум аст. Ба гуфтаи ӯ, аз 10 мизоҷ 8 нафарашон бе муроҷиат ба табибон дубора ба назди ӯ меоянд, зеро аз муолиҷа манфиати воқеиро эҳсос мекунанд.

“Вақте мо корро оғоз кардем, мардум ба фитотерапия бо шубҳа менигаристанд, гӯё ин ҳама кӯҳна шудааст, – мегӯяд дорусоз. – Аммо имрӯз ба назди ман на танҳо беморони одӣ, балки намояндагони сохторҳои воломақом (элита) низ меоянд – барои сӯҳбат, савол додан, васеъ кардани донишу фаҳмиш. Барои ман муолиҷа аз дорухона муҳим аст, на фақат фурӯш. Дар амал маълум шуд, ки фитотерапия воқеан самаранок аст: ин равиш муассиру дастрас ва бе таъсири манфӣ мебошад. Агар манфиат намедошт, кайҳо баста мешудем”.
Сурат: Asia-Plus

Ғайр аз ин, шуъбаи фитотерапия ба беморхона дар коҳиши назарраси хароҷот мусоидат мекунад. Ба гуфтаи Файзиев, танҳо аз ҳисоби маҳлулҳои безараргардонӣ, ки онҳоро шахсан омода мекунад, даҳҳо ҳазор сомонӣ сарфа гардидааст. Ҳамзамон, самаранокӣ ва бехатарии ин воситаҳо дар сатҳи баланд боқӣ мемонад.

Замоне омӯзиши растаниҳои шифобахш дар Тоҷикистон аҳаммияти давлатӣ дошт. Ба гуфтаи Абӯбакр Файзиев, таҳқиқот сарфи назар аз натиҷа маблағгузорӣ мешуданд. Зеро таври маълум  дар илм набудани натиҷа ҳам низ худ як натиҷа аст.

Растаниҳо ҳастанд, вале таваҷҷуҳ нест

Замоне омӯзиши растаниҳои шифобахш дар Тоҷикистон аҳаммияти давлатӣ дошт. Ба гуфтаи Абӯбакр Файзиев, таҳқиқот сарфи назар аз натиҷа маблағгузорӣ мешуданд. Зеро таври маълум  дар илм набудани натиҷа ҳам низ худ як натиҷа аст.

Имрӯз вазъият куллан тағйир ёфтааст. Корҳои илмӣ амалан анҷом намешаванд, маблағгузории доимӣ нест, муносибати системавӣ вуҷуд надорад ва таҳқиқоти нав, аслан, версияҳои бознигаришудаи формулаҳои кӯҳнаанд.

Абӯбакр Файзиев, мудири шуъбаи гиёҳдармонии назди Беморхонаи марказии шаҳри Исфара
Сурат: Asia-Plus

“Ҳоло таҳқиқот кам ва сатҳӣ шудаанд, ки ба маълумоти кӯҳна асос ёфтаанд. Ба ҷои ҷустуҷӯи дониш, акнун нақшаи тиҷоратӣ ва фоидаи кафолатдорро талаб мекунанд. Вале илм чунин кор намекунад”, — шарҳ медиҳад дорусоз.

Ин гуна вазъ боис шудааст, ки ҳатто дар муҳити илмӣ таваҷҷуҳ ба фитотерапия ба таври назаррас коҳиш ёбад. Мутахассисони ҷавон хеле кам фаъолияти худро бо таҳқиқот пайванд сохта, корхонаҳо низ ба таҳияи доруҳои нав сармоягузорӣ намекунанд.

Дар натиҷа кишваре, ки дорои захираҳои нодири табиӣ аст, ҳамоно истеъмолкунандаи маҳсулоти дорусозии воридотӣ боқӣ мемонад.

Имконоти мо бузург аст. Дар як сол метавонем то 3,5 ҳазор тонна ашёи хоми хушки растаниро бидуни вайрон кардани тавозуни экологӣ захира кунем. Вале кӣ ба ин машғул мешавад, агар ҳама чиз бо ҳавасмандӣ пеш бурда шавад?”, — бо таассуф мегӯяд Файзиев.

Дорусозон бисёранд, вале мутахассис кам

Имрӯз дар Тоҷикистон, тибқи маълумоти расмӣ, таваҷҷуҳ ба касби дорусоз зиёд шудааст.

Тавре ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) ба номи Абӯалӣ ибни Сино зикр намуданд, дар риштаи дорусозӣ беш аз 480 донишҷӯ таҳсил дошта, дар дигар макотиби олии кишвар низ чунин факултетҳо фаъолият доранд.

Дар Донишгоҳ маркази таълимӣ-илмии “Дорусозӣ” амал мекунад, ки дар он донишҷӯён технологияи таҳияи шаклҳои дорувориро омӯхта, дар корхонаҳои дорусозии ватанӣ, озмоишгоҳҳо (лабораторияҳо)-и Вазорати тандурустӣ ва дар хориҷа аз таҷрибаомӯзӣ мегузаранд.

Сурат: Asia-Plus

Аммо сарфи назар аз пешрафтҳои зоҳирӣ, дар амал вазъ аз идеалӣ хеле дур аст. Аксари хатмкардагон на ба илму истеҳсолот, балки ба тиҷорат машғул шуда, нуқтаҳои дорухона мекушоянд.

“Имрӯз дорусозон хеле зиёданд ва вақти он расидааст, ки миқдорро ба сифат табдил диҳем. Ҷавонон бо ғарази шахсӣ фикр мекунанд – диплом харидан, зудтар даромад ёфтан, дорухона кушодан. Вале агар ту касбро дӯст надорӣ, мутахассиси хуб намешавӣ. Ва соҳа низ ҳамин гуна хоҳад монд”, — таъкид мекунад мудири шуъбаи фитотерапия.

Ӯ зикр мекунад, ки мушкили асосӣ дар худи ҷавонон нест, балки дар набудани муносибати дуруст ба тарбия ва ташаккули касбии онҳо мебошад.

“Ҷавонони имрӯза хеле пешрафтаанд. Бояд тавонем бо онҳо кор кунем, калиди қалбашонро пайдо кунем. Бояд дуруст роҳнамоӣ кард, таваҷҷуҳро бедор намуд, эҳтиромро ба касб ба вуҷуд овард. Умуман, бояд эҳтиром ба мутахассисони воқеӣ ва шахсони донишмандро баргардонд – то дониш ва касбияти воқеӣ боз дар ҷомеа арзиш дошта бошанд”, — бо эътимод мегӯяд ӯ.

Фурсатро аз даст надиҳем

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон борҳо зарурати рушди соҳаи дорусозӣ ва коркарди ашёи хоми растании маҳаллиро таъкид намудааст. Ба гуфтаи ӯ, иқтидори табиии кишвар бояд баҳри солимии мардум ва рушди иқтисодиёт хидмат кунад.

Дар посух ба ин вазифаҳо дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон барномаҳои таълимӣ навсозӣ шуда, дорусоз-технологҳо ва мутахассисони назорати сифат омода карда мешаванд.

Аммо ин кофӣ нест. Дастгирии доимӣ ва таваҷҷуҳи бахши хусусӣ зарур аст.

“Рушди соҳаи дорусозӣ масъалаи на танҳо амнияту бехатарӣ, балки иқтисод низ мебошад. Ин ҷойҳои нави корӣ, содирот ва даромад ба буҷет аст. Барои пешрафти воқеӣ пойгоҳи илмӣ-истеҳсолӣ лозим аст, ба мисли технопарки дорусозӣ, ки метавонад бозори дохилиро таъмин намуда, содиротро ба роҳ монад”, — гуфтанд дар донишгоҳ.
Сурат: Asia-Plus

Дорусоз Абӯбакр Файзиев мутмаин аст, ки набояд он чизеро, ки наслҳо офаридаанд, аз даст дод.

Ӯ ба Вазорати тандурустӣ пешниҳод намудааст, ки барои мутахассисон аз минтақаҳо давраҳои омӯзишӣ (курсҳо) ташкил карда шаванд, то ки онҳо бо дастоварду дорухат ва технологияҳои нав шинос шаванд. Аммо аз ҷониби вазорат то ҳол ягон посух дода нашудааст.

“Ман намегӯям, ки фитотерапия муолиҷаи универсалӣ ва роҳи ҳалли ҳама мушкилот аст. Тиб бе доруҳои кимиёвӣ наметавонад кор кунад. Вале бахши бузурге ҳаст, ки дар он воситаҳои табиӣ беҳтарин натиҷа медиҳанд. Ин дастрас, бехатар ва аз лиҳози иқтисодӣ фоидаовар аст”, — таъкид дошт Файзиев.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.