Шоми 21-уми сентябр дар шаҳри Теҳрони Эрон нахустнамоиши филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” баргузор гардид. Ин филм нахустин лоиҳаи муштараки “Довфилм”, “Тоҷикфилм” ва ширкатҳои эронии “Ifilm” ва “30CUP” мебошад.
Дар ин бора Муҳиддин Музаффар, роҳбари “Довфилм” ва коргардони филми мазкур ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфт, дар нахустнамоиш Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон, Ғуломалӣ Ҳадод Одил, раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, Паймон Ҷибалӣ, раиси Созмони садо ва симои Эрон, инчунин таҳиягарон ва гурӯҳи эҷодии филм баргузор шуд.
“Ин асар достони ҷасорат ва худбоварии кӯдакест, ки мисли моҳӣ ба дом наафтад. Тамошобинони эронӣ филмро бо ҳаяҷон ва эҳсоси амиқ қабул карда, ба он баҳои баланд доданд. Пас аз анҷоми намоиш, бисёре аз ҳозирин кори гурӯҳи эҷодиро тавсиф намуда, онро оғози марҳалаи нав дар ҳамкории синамои Тоҷикистону Эрон арзёбӣ карданд”, - гуфт Муҳиддин Музаффар.
Гузашта аз ин, ба гуфтаи коргардон, дар фасли поизи имсол филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” ба кинофестивали байналмилалии филмҳои бачагон ва наврасони Исфаҳони Эрон ҳам роҳхат гирифтааст.
Филми мазкур пурра дар Тоҷикистон сабт гардида, садобардорӣ, танзим ва оҳангсозии он дар Эрон анҷом дода шудааст. Ин таҷрибаи бесобиқа барои синамои муосири тоҷик дар даврони истиқлол ба ҳисоб меравад.
Оҳангсози филм яке аз композиторони маъруфи Эрон - Фардин Халъатбарӣ мебошад. Ораш Қосимӣ - садогузор, Эмоди Худобахш - танзимгар, Амири Тоҷик ва Муҳиддини Музаффар таҳиягарони “Моҳӣ дар шаст” мебошанд.

Дар филм ҳунарпешаҳои шинохтаи Тоҷикистон, Русия ва Эрон барои нақшофарӣ ҷалб карда шудаанд. Дар нақшҳои марказӣ Хуршед Мустафоев, Сайёра Сафарӣ, Абдулло Абдураҳимзода, Шаҳло Раҳимӣ, Исфандиёр Ғуломов, Моҳпайкар Ёрова, Асалбек Назриев ва Асланшо Раҳматуллоев ҳунарнамоӣ кардаанд.
Филм қиссаи писарбачаи 10-сола бо номи Далерро нақл мекунад, ки дар мактаб-интернат ба воя расидааст. Ӯ ҳамроҳи Самад, ки ба қиморбозӣ майл дорад, дар вақти таътил ба ҷустуҷӯи модари худ мебарояд. Ин сафар аз шимол то ҷануби Тоҷикистон тӯл кашида, қаҳрамононро бо рӯйдодҳои ғайриинтизор рӯ ба рӯ мекунад. Дар ниҳоят, Далер бояд қароре қабул кунад, ки масири зиндагии ӯро дигаргун месозад.
Нақши қаҳрамони асосӣ - Далерро Абдулло Абдураҳимзода, писарбачаи 8-сола аз мактаб-интернати шаҳри Душанбе бозидааст. Ӯ аз байни 1800 довталаб интихоб шудааст.
Нахустнамоиши ҷаҳонии филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” охири моҳи сентябр дар Олмон баргузор мегардад. Он дар доираи 30-юмин кинофестивали байналмилалии филмҳои бачагон ва наврасон - “Шилингел” ба намоиш гузошта мешавад.

Бояд гуфт, ки филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” моҳи октябри соли 2024 дар синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” дар Душанбе соҳиби Шоҳҷоиза гардид.
Дар шаҳри Душанбе дар доираи кинофестивали байналмилалии “Тоҷи Сомон” моҳи октябр нахустнамоиши филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки киностудияи “Довфилм” аз 5-уми октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфта, 11-уми ноябри соли 2023 бо дарёфти иҷозатнома расман ба фаъолият шурӯъ намудааст. Филми “Дов”, ки дар 33 кинофестивал иштирок намуда, соҳиби 27 ҷоиза гардид, созандагони филмро илҳом бахшидааст, ки ба ҳамин ном киностудияи “Довфилм”-ро таъсис диҳанд.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста