Кормандони мақомоти полиси Италия зимни як амалиёти бобарор беш аз 12 тонна маводи мухаддири навъи ҳашишро дарёфту мусодира намуданд.

Сомонаи расмии шабакаи телевизиони Ҷаҳоннамо» дар шарҳи ин хабар менавсиад, маводи мухаддир аз дохили киштии марбут ба Туркия, ки аз яке аз бандарҳои Марокаш ҷониби шаҳри Палермо шино мекард, дарёфт гардида, арзиши ин миқдор ҳашиш дар бозори сиёҳ 40 миллион евро арзёбӣ мешавад.

Гуфта мешавад, амалиёти мазкур дар ҳамдастӣ бо мақомоти полиси Испания, Фаронса, Миср ва иштироки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Иттиҳоди Аврупо дар гулӯгоҳи Ситсилия доир гардида, ҳангоми амалиёт ҳамчунин 10 мусофири дохили киштӣ, ки моҳидорони турктабор буданд, дастгир шудаанд.