Муддати чанд рӯз аст, ки гармии тоқатфарсо дар Олмон сокинону сайёҳонро ранҷ медиҳад.
Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», дар кӯлу наҳрҳои ин кишвар тайи чанд рӯзи ахир 12 нафар ҳангоми оббозӣ ғарқ шуда, номи чанд нафари дигар то кунун дар феҳристи бедаракшудагон аст. Алҳол ҳарорати ҳаво дар ин кишвари аврупоӣ ба 40 дараҷа мерасад.
Гуфта мешавад, аз пайомадҳои гармо сокинони шаҳри Китсингени Бавария бештар азият мекашанд. Чунин гармии ҳаво дар Олмон бори охир соли 1981-ум ба қайд гирифта шуда буд.
Ҳамчунин қайд мешавад, ки аз ҳарорати тоқатфарсо ҳамчунин аҳолии Италия низ ранҷ бурда, гармии ҳаво дар ин ҷо ба беш аз 40 дараҷа расидааст. Бо эътино ба ин ҳолат ҳукуматдорон аз сокинон даъват кардаанд, ки рӯзи худро дар ҷойҳои сояву салқин гузаронанд. Аз таъсири гармии тоқатфарсо чанд нафар дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Зимнан зикр мегардад, ки болоравии ҳарорати ҳаворо дар дигар кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Франсия, Швейтсария ва Полша низ ба қайд гирифтаанд. Ба иттилои ҳавошиносон, гармии беш аз 40 дараҷаи ҳаво дар ин кишварҳо то охири ҳафта идома хоҳад ёфт.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста