Муассиси шикрати Амазон Ҷефф Безос дар зарфи 15 дақиқа дороии худро 13,2 млрд доллар зиёдтар кард. Ин ба туфайли босуръат болоравии саҳмияҳои Amazon рӯзи 30 январ ба андозаи 12% - то 2,1 ҳазор доллар имконпазир гардид.

Тавре Bloomberg менависад, афзоиши арзиши саҳмияҳо дар натиҷаи мувафафқона ҷамъбаст шудани ҳисоботи семоҳаи фаъолияти ширкат, ки пешгӯиҳои таҳлилгаронро комилан нодуруст баровард, муяссар шуд. Amazon дар бораи даромад ба маблағи 87,4 млрд доллар, фоида аз саҳмияҳо дар ҳаҷми 6,47 млрд доллар (коршиносон $4,11 млрд интизорӣ доштанд) ҳисобот дод.

Дороии Безос, ки 12%-и Amazon ба ӯ мансуб аст, тақрибан то 129,5 млрд доллар афзуд. Bloomberg саҳеҳ мекунад, ки дар рейтинги Billionaires Index-и ӯ ин тағйирот алҳол сабт нашудааст: индекс пас аз баста шудани савдо рӯзи ҷумъа, 31 январ нав мешавад. Forbes дороии Безосро 116 млрд доллар арзёбӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.