Пас аз чанд рӯзи фирори президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ аз кишвараш, Вазорати корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) 18 август хабар дод, ки ӯ ҳамроҳ бо хонаводааш “ба хотири риояи аҳдофи башардӯстона” дар ин давлат ҳузур дорад.
Дар зер нуктаҳои асосии паёми видеоии Ашраф Ғаниро пас аз фирораш, ки дар саҳифаи фейсбукаш нашр шуд, манзуратон мегардонем:
* Ман дар АМА ҳастам ва бо як пероҳану пойпӯш аз кишвар берун шудам;
* Масъулони амниятӣ ба ман хабар доданд, ки тавтеаи ҷонӣ дар каминам будааст;
* Ҷангҷӯёни Толиб дар атрофи дарвозаи Арг буданд;
* Намояндагони байналмилалӣ ба ман гуфтанд, ки агар ман наравам, вазъ бадтар мешавад;
* Ман маҷбур будам кишварро тарк кунам;
* Толибон ва афроди номаълум вориди Арг шуданд. Онҳо ҳуҷра ба ҳуҷра мегаштанд;
* Бояд як ҳодисаи хунин мисли 25 сол пеш рӯй медод;
* Афғонистон мисли Сурияву Яман мешуд;
* Беиззатии Афғонистонро намехостам;
* Барои ҷилавгирӣ аз вуруди афроде, ки бо забони бегона ҳарф мезананд, ҳеҷ кас муқобилият нишон надод;
* Ба касоне ки мегӯянд аз кишвар фирор кардам мегӯям, бидуни далел қазоват накунед;
* Ба касоне, ки мегӯянд раиси ҷумҳуратон гурехт, бовар накунед;
* Ман ҳеҷ чизе бо худ набурдаам;
* Берун овардани пул аз Афғонистон тавассути ман дурӯғ аст;
* Аз гуфтаҳои сулҳи кунунӣ, ки тавассути Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ҳомид Карзай пайгирӣ мешавад истиқбол мекунам ва комёбиашонро мехоҳам;
* Дубора аз ҳама нерӯҳои амниятии худ ташаккур мекунам;
* Ман қасди фирор надорам. Айни ҳол дар Амороти Муттаҳидаи Араб ҳастам то аз хунрезӣ ҷилавгирӣ шавад;
* Машвара дорам, ки дубора ба Афғонистон баргардам.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста