Дирӯз, 7 - уми октябр, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии ҳукумати "Толибон" (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) Амирхон Муттақӣ мулоқот кард. Як рӯз пас аз ин мулоқот хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ҷузъиёти ин вохӯриро расонаӣ кард.

Гуфта мешавад, ки Тошканд ва Кобул барои гузаронидани музокироти муштарак дар Тирмизи Ӯзбакистон, ки ҳаммарз бо Афғонистон аст, ба мувофиқа расиданд ва мавзуи музокироти ояндаи онҳо масъалаҳои дорои хусусияти тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои сохтмони хатҳои интиқоли барқ ва роҳи оҳан хоҳанд буд.

Бори аввал дар бораи ин вохӯрӣ намояндаи “Толибон” Абдулқаҳор Балхӣ дар саҳифаи “Twitter” навиштааст, хабар дода буд.

Балхӣ аз ин мулоқот чанд акс ҳам нашр кард. Ҷолиби диққат аст, ки бори аввал “Толибон” ҳангоми суҳбати намояндаи худ бо як меҳмони воломақоми хориҷӣ парчами як кишвар – Ӯзбекистонро  дар баробари парчами худ ҷой додаанд.


Аблуқаҳҳор Балхӣ аз қавли вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон навиштааст, умедвор аст “Толибон” ба зудӣ ҷойгоҳи қавии худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кунад. Комилов ҳамзамон гуфтааст, ки кишвараш ба ӯҳдадориҳои худ дар бахши транзит, энержӣ ва тиҷорат бо Афғонистон пойбанд мемонанд.

ВКХ Ӯзбекистон менависад, ки Комилов дар ин сафар на танҳо бо вазир корҳои хориҷии Ӯзбекистон, балки бо муовини сардори ҳукумати муваққатии марбут ба масъалаҳои сиёсӣ Мулло Абдулкабир мулоқот кардааст. Дар ин мулоқот муовини сарвазир оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони нақлиёт ва ҳавопаймоии кишвар, корҳои ҷамъиятӣ, энергетика ва захираҳои оби Афғонистон иштирок доштанд.

“Ҷонибҳо дар бораи гузаронидани музокироти муштарак дар Тирмез дар бораи масъалаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои сохтмони хатти интиқоли Сурхон-Пули-Хумрӣ ва роҳи оҳани Мазори Шариф-Кобул - Пешовар ба созиш расиданд”, - гуфта мешавад дар изҳорот.

Ҳамзамон ҷониби Афғонистон омодагии худро барои таъмини амнияти мутахассисони ӯзбек, ки дар татбиқи ин лоиҳаҳо ҷалб шудаанд, изҳор дошааст.

Ҷониби "Толибон" аз кумакҳои президенти Ӯзбекистон изҳори таашккур карда хостаанд, ки барои бозкушоии суратҳисобҳои Афғонистон дар хориҷ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кунад.

Бино ба иттилои вазорат, “Толибон” қатъиян изҳор доштааст, ки ҳеҷ гоҳ ба амнияти Ӯзбекистони бародар аз қаламрави Афғонистон таҳдид нахоҳад шуд.

Ӯзбекистон ягона нест

Ӯзбекистон ягона кишвари Осиёи Миёна нест, ки намояндааш бо “Толибон” мулоқот кардааст. Рӯзи 26-уми сентябр Алимхон Есенгелдиев, сафири Қазоқистон дар Афғонистон бо вазири корҳои хориҷии “Толибон” Амирхон Муттақӣ, дар Кобул мулоқот карда буд.

Ҷеенбек Кулубоев

Пештар аз ин, рӯзи 23-юми сентябр Таалатбек Масодиқов, муовини раиси Шӯрои амният Ҷеенбек Кулубоев ва раиси бахши сиёсати хориҷии ҳукумати Қирғизистон барои музокирот бо “Толибон” ба Кобул рафта буданд.

18-уми август -- ҳамагӣ се руз баъд аз суқути Кобул ба дасти "Толибон", консули генералии Туркманистон дар Ҳироту Мазори Шариф бо раҳбарони ин гурӯҳ дар ин минтақа мулоқот карда буд.

Дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна Тоҷикистон ягона кишваре аст, ки бо “Толибон” робитае барқарор накардааст. Пас аз ишғоли Кобул аз сӯи “Толибон”, мақомоти Тоҷикистон дар муносибатҳои гуногун аз ин гурӯҳ интиқод намуда, хостори ташкили ҳукумати фарогир бо ширкати ҳама қавмҳо, аз ҷумла тоҷикон шуданд. “Толибон” дар муқобил Тоҷикистонро ҳушдор доданд, ки дар умури дохилии Афғонистон мудохила накунад.

Кишварҳои минтақа, ҷаҳон ва ниҳодҳои ҳуқуқи башар шартҳое барои ба расмият шинохтани Толибон гузоштанд, ки ҳифзи ҳуқуқи башар, иштироки занон ва ақалиятҳо дар идораи ҳукумат, қатъи робита бо созмонҳои даҳшатафкан, аз ҷумлаи онҳо мебошанд.