Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба иллати нигаронӣ аз ҳамлаи Русия ба Укроин, ба хонаводаҳои дипломатҳояш дастур дод то Укроинро тарк кунанд. Дар авҷи танишҳо миёни Ғарб ва Русия бар сари Укроин, вазорати хориҷаи Амрико пас аз зуҳри рӯзи якшнабе, ба хонаводаҳои дипломатҳои худ дар Укроин  дастур додааст то сафорати ин кишварро дар тарк кунанд.

ABC News гузориш додааст, ки ин дастур ба иллати нигаронӣ аз ҳамлаи Русия ба Укроин содир шудааст. Ин шабакаи телевизионӣ ҳамчунон гузориш додааст, ки сафорати Укроин низ ба кормандони ғайриизтирории худ иҷозаи низ хориҷ шуданро додааст.

Вазорати хориҷаи Амрико аз шаҳрвандонаш хостааст, ки бо парвозҳои тиҷоратӣ қаламрави Укроинро тарк кунанд.

Шабакаи телевизиони амрикоии CNN низ хабар дода аст, ки  сафорат аллакай аз Департаменти давлатии Амрико барои бурунрафти хонаводаи дипломатҳо ва кормандони дувумдараҷаи худ дархости иҷозат кардааст. Вале сафорати ИМА дар Укроин то ҳол хабарро шарҳ надодааст.

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ҳафтаи гузашта дар ҷараёни сафараш ба Киев бо президенти Укроин Владимир Зеленский берунории эҳтимолии дипломатҳои амрикоиро баррасӣ кардааст.

ABC News рӯзи гузашта низ гузориш дода буд, ки Амрико дар ҳоли омода шудан барои содир кардани дастури холӣ кардани сафорат худ дар Укроин аст.

Сухангӯйи вазорати хориҷаи Амрико гуфта буд, ки раванди тахлия (эвакуатсия)-и Укроин монанди он тахлияе нест, ки пас аз суқути Кобул ба дасти Толибон, сурат гирифт.

Аммо иқдоми Амрико барои тахлияи хонаводаҳои дипломатҳои ин кишвар, бархе мансабдорони  укроиниро нороҳат кардааст.

Русия сад ҳазор сарбозро дар марз Укроин ҷо ба ҷо кардааст. Амрико гуфтааст, ки Маскав дар талош аст то барои барои ҳамла ба Укроин аст баҳона эҷод кунад.

Ғарбу Амрико ба Русия барои ҳамлаи эҳтимолӣ ба Укроин ҳушдор додаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.