Дар пайи таркиши бомб, ки дишаб, 13-уми ноябр, дар маркази шаҳри Истамбули Туркия рух дод, 6 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 80 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Миёни кушташудагон ва ҷароҳатбардоштагон шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд, хабар додааст ОИ “Авесто” бо такя ба вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия, ин ҳамларо маҳкум карда гуфт, таркиш дар наздикии майдони Тақсим рух додааст.
“Воҳидҳои дахлдори давлати мо барои пайдо кардани масъулони ин ҳамлаи даҳшатбор кор мекунанд”, - гуфт Эрдуғон дар нишасти хабарие, ки тавассути шабакаҳои телевизионии Туркия мустақиман пахш шуд.
Таркиш дар кӯчаи пиёдагардҳои Истиқлол, ки миёни сайёҳон ва сокинони маҳаллӣ маъруф аст, рух додааст. Ба гуфтаи Фуат Октай, ноиби президенти Туркия, таркишро як зан ба амал овардааст.
“Ҳамлакунанда зан буд, вай бомбаро тарконд. Ин аз амали террористӣ шаҳодат медиҳад”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Октой, чаҳор нафар дар ҷои инфиҷор ва ду нафари дигар баъдтар, дар бемористон ба ҳалокат расидаанд. Ба таҳқиқи ин ҳамлаи террористӣ 14 муфаттиши Додситонии кулли Туркия ва коршиносони додгоҳӣ машғуланд.
Октой гуфт: “Ҳар кӣ дар паси ин ҳодиса бошад, дар дохили марзҳои мо ё дар ҳар гӯшаи ҷаҳон, мо ба онҳо мерасем. Ин афрод ба Туркия бурда, ба додгоҳ кашида мешаванд ва муҷозот хоҳанд шуд”.
Ёдовар мешавем, ки қаблан, солҳои 2015-2016 низ дар кӯчаи Истиқлоли Истамбул чанд таркиш рух дод ва он замон масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Давлати исломӣ” бар ӯҳда гирифта буд.
Охирин ҳамлаи бузурги террористӣ дар Истамбул шаби 1 январи соли 2017 рух дод, ки як марди мусаллаҳ бо автомати Калашников ба клуби шабона дар соҳили Босфор ворид шуда, ба сӯи меҳмонон тир кушод.
Дар ин ҳамла 39 нафар кушта ва 69 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Сарбозони дар артиши Тоҷикистон зарардида чӣ гуна ҷуброн метавонанд дастрас кунанд?
Имсол дар Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста