“Умеди ягона”-и Ғарб?

Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса якҷо бо Урсула фон дер Ляйен, роҳбари Комиссияи Иттиҳоди Аврупо бо сафари серӯза вориди пойтахти Чин шаҳри Пекин шуданд.

Хабаргузории “Франс-Пресс” ҳадафи аслии ин сафарро “тағйири қоидаҳои бозӣ” дар Украина гуфта, навиштааст, ки “мақомдорон бар ин назаранд, ки танҳо Пекин метавонад ин корро анҷом диҳад”.

Ҳамчунин, яке аз ҳадафҳои ин сафарро ин расона, “ҳушдор ба Чин барои кумакҳои низомӣ ба Русия” номидааст.

Сафари пайдарҳами сиёсатмадорони аврупоӣ ба Чин пас аз мулоқоти Си Ҷинпин бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия иттифоқ меафтад ва бархе аз коршиносон инро “тарс аз наздикшавии Чину Русия” маънидод мекунанд.

“Аврупоиҳо аз наздик шудани бузургтарин шарики тиҷории худ бо Русия, ки дар Аврупо меҷангад ва муноқишаи Чин бо Амрико, муттаҳиди аслии Иттиҳодияи Аврупо, нигаронанд”, - менависад бахши русии радиои BBC.

Дар ин моваро, оё чунин ба назар намерасад, ки Си Ҷинпин, ки пайваста аз ҷониби кишварҳои аврупоӣ барои нақзи ҳуқуқи инсон, маҳдудсозии озодии виҷдон ва матбуот интиқод мешавад, ба “умеди ягонаи Ғарб” барои ҳалли буҳрон дар Аврупо табдил ёфтааст? Яъне барои “шикасти Русия дар майдони ҷанг” ё ҳадди ақал “мағлуб нашудани Украина” дар он ҳамкорӣ бо дирӯза нақзкунандаи арзишҳои муқаддас раво аст?

Сурат: zvezdaweekly.ru

Талаби эътилофи ҳавопаймоҳои ҷангӣ

Худи ҳамин рӯз Владимир Зеленский, президенти Украина ҳамроҳ бо хонумаш Елена Зеленска бо як сафари расмӣ ба Лаҳистон рафт ва онҳоро Анжей Дуда, раисҷумҳури Лаҳистон ва ҳамсараш пешвоз гирифтанд.

Онҳо ҳам дар доираи хурд ва ҳам васеъ мулоқоту суҳбатҳо анҷом доданд.

Владимир Зеленский бо нахуствазири Лаҳистон Матеуш Моравитский низ мулоқот намуд ва дар шомгоҳ барои полякҳо ва украиниҳои муқими Лаҳистон суханронӣ хоҳад кард.

Дар иттилои расмии дафтари раисиҷумҳур гуфта мешавад, ки зимни музокиротҳо ҷонибҳо ба “тамоми доираи равобити Лаҳистону Украина, сар карда аз сиёсати амниятӣ то масоили таърихӣ матраҳ шудааст.

Масоили сиёсиву низомӣ то ҷойе рӯшан аст, аммо гуфта намешавад, ки кадом “масъалаи таърихӣ”-ро баррасӣ хоҳанд кард.

Сурат: pravda.com

Дар охири мулоқотҳо тарафҳо созишнома дар бораи таъминоти низомӣ имзо карданд. Ҳамин тариқ, Украина аз Лаҳистон зиреҳпӯшҳои Rosomak, системаҳои сайёри зиддиҳавоии “Piorun” ва миномётҳои худгарди Rak хоҳад гирифт, менависад liga.net

“Инҳо аслиҳаи муҳимест, ки барои наҷоти ҷони украинҳо заруранд”, - гуфтааст Зеленский.

Ӯ гуфтааст, ки “Полша дар эътилофи танкҳо пешсафӣ нишон медиҳад, қадами навбатӣ эътилофи ҳавопаймоҳои ҷангӣ аст”.

Қаблан гуфта шуд, ки Лаҳистон ҳафтаи ҷорӣ 14 ҷангандаи модели шӯравии МиГ-29-ро ба Украина медиҳад ва дар оянда метавонад ҳамаи 28 ҳавопаймои МиГ-ро ба Украина диҳад.

Трампро ҳабс карданд. Тақдири интихоботи президентӣ чӣ мешавад?

Президенти пешини ИМА Доналд Трамп дар додситонии ҳавзаи Манҳэттен ба ҳабс гирифта шуд. Ҳамакнун, ӯро ба додгоҳ мебаранд ва нисбаташ расман айб эълом мекунанд. Ин маротибаи аввал аст, ки президенти Амрико ба додгоҳ кашида мешавад.

Расонаҳои амрикоӣ менависанд, ба ҳабс гирифтан - раванди расмист ва Трампро баъди эълони айб то ҷаласаи навбатии додгоҳӣ раҳо мекунанд.

Доналд Трампро ҳайати доварони Ню-Йорк ба пардохти 130 ҳазор доллар ҳаққи сукут ба ҳунарпешаи филмҳои порнографӣ чанд ҳафта пеш аз интихоботи президентии соли 2016 гумонбар эълон кард.

Трамп иттиҳому қонуншиканиро рад кард ва додситони ноҳияи Манҳеттен - Элвин Брегги демократро ба бадном кардани худ дар остонаи интихоботи соли 2024 айбдор намуд. Президент Ҷо Байден дар бораи иттиҳоми Трамп гап назад.

Доналд Трамп дар додгоҳ
Сурат: AFP

Дар Ню-Йорк гурӯҳи хурде тарафдори муҳокимаи одилонаи Трамп дар додгоҳ шуданд. Дар шаҳраки Вест Палм Бичи аёлати Флорида, ки хонаи Трамп наздики онҷост, тарафдорони ӯ ба ҳимояташ бархостанд.

Маъракаи расмии интихоботии ҷумҳурихоҳон моҳи феврали соли 2024, маҳз вақте оғоз мешавад, ки парванда алайҳи Трамп ба додгоҳ мерасад. Бо вуҷуди ин, ҳатто агар ӯ гунаҳкор дониста шуда, ба зиндон фиристода шавад ҳам (ки бо назардошти надоштани доғи судӣ даргумон аст), метавонад ҳамчун номзад пешбарӣ шавад. Дар қонунгузории ИМА чунин маҳдудият пешбинӣ нашудааст.

Ба андешаи баъзе аз коршиносон, ин ҳама маъракаи додгоҳии Доналд Трамп метавонад ба нафъи ӯ анҷом ёбад, зеро ӯ метавонад аз чунин вазъият ба манфиати худ самаранок истифода кунад. Мисле, ки соли 2016 ҳамаи баҳсҳои зиддунақиз атрофи номашро ба манфиати худ истифо кард ва дар интихоботи президентӣ ғалаба кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.