Имсол ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика барои омӯзиши электронҳо ва табиати нур ба Пиер Агостини, Ференс Краус ва Анн Л'Ҳуилер тақдим гардид, хабар медиҳад ВВС.

Аъзоёни кумитаи Нобел саҳми пешқадами ҷоизадоронро дар физикаи аттосекунд ситоиш карданд. Аз ҷумла, фаҳмидани он ки бо материя дар сатҳи мутақобилаи молекулавӣ дар тӯли як квинтиллион сония чӣ рӯй медиҳад, мавриди дастгирии доварон шудааст.

Ин импулсҳо барои омӯхтани ҳаракати электронҳо дар дохили атомҳо истифода мешуданд.

Ин дуввумин ҷоизаи Нобел дар соли ҷорӣ мебошад. Чанд рӯз пеш Каталин Карико аз Маҷористон ва Дрю Вайсман аз ИМА барои кашфиётҳое, ки имкони таҳияи ваксинаҳои навро дар  РНК доранд, ҷоизаи Нобел-2023 дар соҳаи тиб ва физиологияро гирифтанд.

Бояд гуфт, ки аз соли 1901 инҷониб ҷоизаи Нобел дар риштаи физика ба 222 олим дода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика ба донишманди фаронсавӣ Ален Аспе, физики амрикоӣ Ҷон Клаузер ва олими австриягӣ Антон Зайлингер тақдим гардида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.