“Мо муборизаи худро то он вақте давом медиҳем, ки халқи мо ба ҳуқуқҳои одилона ва қонунии миллии худ ҷиҳати баргаштан, худмуайянкунӣ ва ба амал баровардани давлати мустақили Фаластин, ки сарҳадоти он дар таърихи 4 июни соли 1967 ва пойтахти он Байтулмуқаддаси Шарқӣ муайян шудааст, ноил нагардад”.

Ин муҳимтарин паёме буд, ки имрӯз 18-уми октябр, Луай Исса, сафири Фаластин дар Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ вобаста ба ҳодисаҳои даҳшатбори ахир дар Навори Ғазза иброз дошт.

Ӯ дар ин нишаст бо нигаронии шадид аз куштор ва поксозии этникӣ аз ҷониби давлати Исроил дар Навори Ғазза иброз дошт, ки Соҳили ғарбӣ ва Навори Газза аз соли 1967 инҷониб аз "истилои нажодпарастии Исроил ранҷ мекашад ва тақдири ин минтақаҳо бояд мутобиқи меъёрҳои қонунҳои байналмилалӣ ҳал карда шавад".

“Ишғоли заминҳои Фаластин аз ҷониби Исроил 75 сол пеш оғоз гардида, имрӯз аз заминҳои таърихии Фаластин танҳо 3 дарсади он дар ихтиёри фаластиниҳо боқӣ мондааст. Зиёда аз 50 фоизи аҳолии заминҳои ишғолкардаи Исроилро фаластиниҳо ташкил медиҳанд”, - гуфт Луай Исса.

Сафири Фаластин таъкид кард, ки 17 сол мешавад Навори Ғазза дар муҳосира аст ва ин боис шуда, ки 50 дарсади аҳолӣ бе кор монанд.

Луай Исса бори дигар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қотеият даъват кард, ки вобаста ба қазияи адолатхоҳии Фаластин ва даргириҳо дар Навори Ғазза бетараф набошанд, амалиёти фаврии байналмилалиро барои боздошти ҷанг ва таъмини интиқоли молҳои зарурӣ, аз ҷумла кӯмакҳои башардӯстона ба Навори Ғазза роҳандозӣ кунанд.

Бояд гуфт, ки даргириҳои ахир дар Ховари Миёна 7-уми октябр дар пайи ҳамлаи Ҳамос ба Исроил оғоз шуд. Ин бузургтарин ҳамлаи гурӯҳи Ҳамос дар 50 соли охир ба Исроил гуфта мешавад. Дар пайи он садҳо исроилӣ кушта шуданд. Беш аз сад нафари дигар асир афтодаанд.

Дар умум, Ҳамос гуфт, ки ба Исроил беш аз 5 ҳазор мушак партоб кардааст.

Дар пайи он Исроил аз оғози ҷанги васемиқёс дар минтақа ва ҳуҷум ба Навори Ғазза хабар дод. Инак даҳ рӯз мешавад, ки Исроил Навори Ғаззаро бомбборон мекунад ва ин амали худро амалиёти “маҳви ҷангҷӯёни Ҳамос” мемонад.

Исроил чанд рӯз пештар аҳолии Навори Ғаззаро бо паҳн кардани варақа огоҳ кард, ки минтақаро тарк кунанд.

Исроил мегӯяд, ҳоло амалиёти васеи ҷангии худро оғоз накардааст, аммо рӯзҳои наздик он оғоз хоҳад шуд. Барои ин 300 ҳазор сарбози иловагӣ ба сафи артиш сафарбар кардааст.

Ҳоло Навори Ғазза пурра муҳосира шуда, шароити гуманитарӣ дар он ваҳим мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.