Коршинос ва донандаи хуби назарияи равобити байналмилал Камолиддин Бозӣ бо нашри матлабе дар саҳифаи фейсбукии хеш андешаҳои худро дар бораи ҳаводиси кунунии дунё иброз дошта, ба яке аз саволҳои мубрами рӯз “Чаро дунё гирифтори чанд низоъ дар як муддати кӯтоҳ гашт?” посух ҷустааст.

Бо назардошти муҳиммияти он дар ташхиси дурусти воқеиятҳои рӯз “Asia-Plus” нашри ин матлабро барои хонандагони худ муфид медонад.

Амалиёт (кудато)-и ҳарбии “толибон” дар Афғонистон, низоъҳои Русия - Украина, Озорбойҷон - Арманистон ва “Тӯфони ал-Ақсо” – ҷанги “Ҳамос”-у Исроил дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ майдони наверо барои омӯзиши ҷомеъаи илмӣ ба миён овард.

Гарчанде сар задани чунин ҳаводис барои мардуми огоҳ (сиёсатшиносон, муҳаққиқони улуми байналмиллалӣ, ҷомеъашиносон...) нисбатан пешгӯишаванда бошад, вале барои дигар қишри ҷомеъа, ки аҳли мутолиа нестанд, муаммо ва суолҳои зиёдеро пеши рӯ меоранд.

Дар ин навишта кӯшиш мегардад ба пурсиши калидии ин муаммо – “Чаро дунё гирифтори чанд низоъ дар як муддати кӯтоҳ гашт?” посух дода шавад.

Саволи гузошташударо дар чанд ҷумлаи кӯтоҳ арзёбӣ кардан ғайриимкон аст, бинобар ин ҷавоби он то тангнои назарияи реализми сиёсӣ ва консепсияи қутбият дар равобити байналмиллалӣ (Polarity in IR) маҳдуд мегардад.

Дар омӯзиши равобити байналмилалӣ як қоидаи умумӣ дар назарияи реализм дорем, ки тибқи он назм ё тартиби байналмилалӣ (International Order) дар пояи ҳараҷу мараҷ (anarchy) бунёд ёфтааст, яъне тартиби муайяни идораи низоми ҷаҳонӣ вуҷуд надорад. Ҳеҷ қудрате болотар аз давлат нест.

Камолиддин Бозӣ
Акс аз саҳифаи фейсбуки К.Бозӣ

Ду нуктаи калидии ин назарияро берун мекашем, то барои хонанда мафҳум гардад:

Якум, дар дунё қонун ё меъёри ягона ва умумие, ки равобити байналмиллалиро танзим кунад, вуҷуд надорад (Албатта Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмиллалӣ баъзе равобитро танзим мекунанд, аммо борҳо безарфиятии худро дар баробари тасмимгирии қудратҳои бузург собит сохтаанд, ки наметавон онҳоро ба сифати меъёр ва қонуни умумӣ ва ягонаи дунё унвон кард);

Дуюм, қудрат ва тасмимгирандаи асосии равобити байналмиллалӣ давлатҳо ҳастанд, ки вобаста ба тавоноӣ ва маҳорати худ дар ин ҷаҳони бебунёд (anarchy) барои зинда мондан ва қудратманд гаштани худ талош меварзанд.

Консепсияи қутбият (polarity) – ҳузури як ё якчанд қудрати бузурги ҳокимро дар низоми равобити байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Тибқи ин консепсия ҷаҳон метавонад як қутба (unipolarity - доштани як қудрати бузурги ҳоким), ду қутба (bipolarity - ду қудрати бузурги ҳоким) ва чандқутба (multipolarity - зиёда аз 2 қудрати бузурги ҳоким) бошад. “Қудрати бузурги ҳоким” доштани империя ё салтанати комил болои тамоми дунё набуда, балки маънои доштани қудрат ва нуфузи давлатҳоро дар миқёси минтақа ва ҷаҳон дар назар дорад.

Муҳаққиқони соҳа вобаста ба сохтор ва тартиби байналмиллалӣ дар се ҳолати қутбияти дунё нигоҳҳои якхела надоранд, вале яке андешаҳои умумӣ ин аст, ки низоми якқутбӣ ба эҷоди низоми байналмилалии сулҳомез майл мекунад (Wohlforth: 1999); дуқутбӣ хатари сар задани ҷангро зиёд мекунад (Copeland: 2007); ва дар низоми бисёрқутбӣ дунё ба бесуботӣ ва авҷ гирифтани низоъҳо майл мекунад (Christensen, Thomas J, Snyder, Jack: 1990).

Дар таърихи начандон дур, назми байналмилалӣ зери нуфуз ва султаталабии ду қудрати бузурги давр - Шӯравӣ ва ИМА қарор гирифт; ҷанги сард ба миён омад ва натиҷааш пошхӯрии Ҳукумати Шӯравӣ ва ҷаҳонӣ шудани низоми либерол - демокрасии ғарбӣ ба унвони шакли ниҳоии ҳукуматҳо гардид (Fukuyama: 1989). Баъди ҷанги сард, ҷаҳон шоҳиди “демократисози”-и ғарбӣ ва яккатозии ИМА гардид, ки аз Югославия шуруъ гашт ва дар Афғонистон (?) поён ёфт...

Вируси COVID-19 зарфияти аслии ду қудрати бузурги ҳоким - Русия ва ИМА-ро нишон дод, ва Чин-ро ҳамчун қудрати бузург ва воқеъияти нав дар тартиби равобити байналмиллалӣ муаррифӣ кард. Дар ин давра, ИМА гирифтори як қатор мушкилоти дохилӣ гардид, Русия дар идора кардани вирус ва пешгирӣ кардани таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллияш (аз ҷумла вобастагӣ аз доллари ИМА..) тавоно ба назар нарасид, вале Чин бо доштани бузургтарин нуфуси дунё ва маркази паҳншавии вирус будан, аз ин буҳрон ҳам аз нигоҳи идораи ҷамъияти худ ва ҳам аз нигоҳи рушди иқтисодӣ “тоза” бадар гашт.

Ҳоло метавон гуфт, ки дунё аз нигоҳи қутбият дар ровобити байналмиллалӣ шоҳиди доштани се қудрати бузурги ҳоким гардида истидааст, ки барои “нишон” додани нуфуз, тавоноӣ ва қудрати худ дар рӯбарӯи ҳамдигар қарор гирифтаанд. Воқеъияти нави Чин дар ин миён, қоида ва тактикаи бозии қудратҳои бузургро то андозае иваз кард ва онҳоро барои васеътар кардани нуфуз ва ҳудуди зери “назорат”-и худ, фаъолтар сохт.

Акс аз forbes.kz

Хориҷ гаштани Неруҳои ИМА (NATO) аз Афғонистонро, дар ин марҳила метавон “гардӣ”-и Чин ва ё қалъазанӣ (рокировка) барои “ход”-и навбатии Амрико номид. Чун дида шуд, ки баъд аз хуруҷи ИМА аз Афғонистон кӯмакҳо ва лоиҳаҳои сармоягузориҳои Чин дар ин сарзамин бештар шуданд ва Чин ягона кишваре (то имрӯз) гардид, ки бо ҳукумати “толибон” равобити дипломатӣ барқарор кард. Метавон ҳадс зад, ки ИМА бо ин “манёвр” – аш мехоҳад нуфузи Русияро дар тартиби байнамиллалӣ, аз як тараф бо кушодани роҳ ба Чин ва аз дигар тараф бо рӯған рехтан дар алови русу украин, тангтар созад.

Барои Чин, ки бо ташаббуси “Камарбанд ва Роҳ”-аш нуфуз ва қудрат (иқтисодӣ)-и худро қадам ба қадам пеш мебарад ва мустаҳкамтар месозад, таъмини амнияти сиёсии минтақаҳои пеши роҳаш, шарти калидӣ арзёбӣ мегардад. Бинобар ин, бо миёнаравии ин кишвар, равобити дипломатии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки “душмани ашадӣ”-и ҳамдигар дар Ховари Миёна ба ҳисоб мерафтанд, барқарор гардид. Ин дастоварди таърихӣ нақши Чинро дар тартиби байналмилалӣ калидитар нишон дод. Гарчанде ИМА аз бузург сохтани нуфузи Чин барои кӯтоҳ кардани дасти Русия дар тартиби дунё истифода кунад ҳам, ҳеҷ гоҳ иҷоза намедиҳад то хати сурхи манфиатҳои геополитикиаш дар ин бозиҳо зери по гардад.

Ин аст ки ИМА “тӯфони ал-Ақсо”-ро имконияти нави бузургтар кардани нуфузи худ қарор дода, “ғайри мустақим”, вале бо тамоми ҷиду ҷаҳд вориди он гардид. Чун дар ин майдон ИМА метавонад: Эронро, ки сади роҳи манфиатҳояш дар минтақа аст, гирифтори “тӯфон” кунад; ба муносибати Эрону Араб халал ворид созад, то нуфузи Чин аз ин бештар нагардад; пойгоҳи низомии худро дар минтақа ва пешорӯи Чин (Эрон) қавитар созад ва “ягона кишвари демокрасӣ дар ховари миёна”-ро аз вартаи нобудшавӣ наҷот диҳад. Истифодаи ҳар яке аз ин сенарияҳо барои ИМА, дар ҳоле, ки Русия дар Украина банд аст, имконпазиртар гаридааст.

Барои Русия, ки ҳоло вақти хуб барои ворид гаштан ба “бозии Ховари Миёна”-ро надорад, фарогиртар сохтани “тӯфон” ва гирифтортар кардани ИМА дар он, имконияти пештар рафтан дар “амалиёти вижа”-аш дар Украинаро фароҳам месозад. Бинобар ин, Русия ғайримустақим (бо пуштибонии мавқеъи Эрон Чин...) дар Ховари Миёна буда, қувваи асосиашро барои анҷом додани кори шуруъкардааш дар Украина сарф мекунад.

Аз инҷо метавон натиҷагирӣ кард, ки ба тавозун ва назми байналмилалӣ бинобар воқеъиятҳои нави дунё (аз ҷумла Чин...) халал ворид гардида, минтақаҳо (Афғонистон, Ховари миёна, Уқёнуси Ҳинду-Ором... Украина), дар танготангии бархӯрди манфиати қудратҳои бузурги ҳоким қарор гирифтаанд. Ин вазъият, то замони тақсими нуфузи се кишвари бузурги ҳоким, махсусан дар “кишварҳо ва минтақаҳои берун аз чатри абарқудратҳо монда” ноором боқӣ мемонад ва ҳангоми “мушаххас” шудани ҳудуди (frontiers) онҳо ором мегардад. Дар сурати баръакс, ҷангҳои ниёбатии абарқудратҳо (Proxy Wars) ба бархӯрдҳои мустақим табдил меёбанд ва дунё барои шоҳид шудан ба боз як ҷанги дигари ҷаҳонӣ (атомӣ), наздиктар мегардад.

P.S.: Низоъҳо ва ҷангҳои имрӯз сабабҳои гуногун доранд, вале чун рақобати қудратҳои бузурги ҳоким барои тақсими қудрат дар дунё шиддат гирифтааст, ҳар низоъи кӯчак метавонад ба воситаи ба ҳадаф расидани онҳо (абарқудратҳо) табдил ёбад.

P.S.S.: Арзиши аслӣ дар бозии қудратҳои бузурги ҳоким ҳимояи манофеъи геополитикӣ ва расидан ба ҳадаф аст. Қонун, мазҳаб, демократия, ҳатто ҷони инсонҳо дар ин раванд, дуюм, сеюм ва чорумдараҷаанд ва ё тамоман арзиш нестанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.