Дар ин бора намояндаи вазорати корҳои хориҷии Қатар хабар дод, ки дар гуфтугуҳо иштирок доштааст. Намояндаи Ҳамос дар суҳбат бо расонаҳо тамдиди оташбасро тасдиқ кардааст. Ҷониби Исроил расман инро тасдиқ накардааст. Бино ба созишҳои пештара оташбас мебоист, шаби душанбе ба сешанбе ба поён мерасид.

Тамдиди оташбас имкон медиҳад, шаҳрвандони бештари исроилие озод шаванд, ки рӯзи 7 август аз сӯи Ҳамос гаравгон гирифта шудаанд. Исроил дар посух ба озодии гаравгонҳо шаҳрвандони фаластиниро аз зиндонҳояш озод мекунад. Ба илова, оташбас имкон медиҳад, ки ба навори Ғазза кӯмаки башардӯстона: обу, ғизо, дору ва сӯзишворӣ расонида шавад.

Исроил бо Ҳамос мустақиман гуфтугӯ намекунад. Миёнарави ин гуфтугӯҳо Қатар, Миср ва гоҳо ИМА ҳастанд.

Ҳамос то кунун 53 гаравгон аз маҷмуи 240 гаравгонро, ки ба Ғазза бурда буд, озод кардааст. Дар муқобил Исроил 117 асири фаластиниро озод карда, ба мошинҳои борбари бештар иҷозаи вуруд ба Ғаззаро додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.