Ҳудуди 60 ниҳод ва 77 ҳомии ҳуқуқи башар дар як номаи саркушода ба Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба изҳороти ахири Роза Отунбоева, намояндаи ин созмон дар умури Афғонистон ва раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон, вокуниш нишон дода, онро бемасъулиятона номидаанд. Дар ин бора рӯзномаи “8 субҳ” хабар медиҳад.

Зарифа Ғаффорӣ, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи башар аз Афғонистон, номаи эътирозиро рӯзи чаҳоршанбеи 3-уми январ дар сафҳаи иҷтимоии “X” (пештара Twitter) мунташир карда, навиштааст, ки шумори зиёде аз фаъолони ҳуқуқи башар ва маориф дар ин нома имзо гузоштаанд.

Дар ин нома изҳороти Отунбоева “бемасъулиятона” ва “оддисозии” мамнуъияти омӯзиши духтарон номида шудааст.

Моҳи гузашта Роза Отунбоева дар нишасти Шӯрои амнияти СММ гуфта буд, ки “духтарони Афғонистон метавонанд дар мактабҳои динӣ таҳсил кунанд”.

Ӯ изҳор дошт, ки “Толибон* ба ҳеҷ гуна назорат дар ин мактабҳо иҷоза намедиҳанд ва мо намедонем, ки дар он ҷо чӣ омӯзиш дода мешавад”.

Фаъолон дар ин нома ба зарурати таҳсили замонавӣ барои духтарони Афғонистон таъкид кардаанд. Онҳо ҳушдор додаанд, ки пас аз ба қудрат расидани Толибон теъдоди мадориси мазҳабӣ афзоиш ёфтааст ва ин кор боиси таблиғи ифротгароӣ миёни ҷавонони Афғонистон ва ҳатто берун аз ин кишвар шудааст.

Акси марбута
Акс аз сомонаи 8am.media

Дар бахше аз ин нома омадааст, “дар мактабҳо асосан фанҳои динӣ омӯзиш дода мешавад. Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки онҳое, ки дар мадрасаҳои динии таҳти назорати Толибон таҳсил мекунанд, ифротгаро шудаанд ва ҳатто ба ифротгароӣ ва шуришгарӣ гароиш доранд”.

Пас аз дубора ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон онҳо ба духтарони аз синфи шашум боло таҳсилро манъ карданд. Илова бар ин, ин гурӯҳ соли гузашта донишгоҳҳои ин кишварро ба рӯи занону духтарони Афғонистон баст.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш Созмони Дидабони ҳуқуқи башар ба изҳороти Отанбоева вокуниш нишон дода, гуфтааст, ки дар кишваре, ки кӯдакон танҳо ба омӯзиши ифротгароӣ фаро гирифта мешаванд, беҳбудие нахоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки Роза Отунбоева барои ҳудуди якуним сол, аз июли соли 2010 то декабри соли 2011, баъди дар пайи бетартибиҳо сарнагун ва фирор кардани Қурмонбек Боқиев, президенти вақти Қирғизистон, аз сӯйи ҳукумати муваққат ба курсии президентии ин кишвар интихоб шуд. Ӯ соли 2011 қудратро ба Алмосбек Отанбоев супорид. 

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.