Ғуломҳусейн Исмоилӣ, раиси дафтари раисиҷумҳури Эрон, ҷузъиёти нави суқути чархболеро, ки дар пайи он Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳур, вазири умури хориҷа ва ҳайати ҳамроҳаш ҷон бохтанд, ошкор кардааст.
Ба иттилои хабаргузории “Тасним”, раиси дафтари президенти Эрон дар чархболи дигаре будааст, ки раиси ҷумҳурро ҳамроҳӣ мекард.
Ғуломҳусейн Исмоилӣ гуфтааст, дар ҷараёни парвоз ба Озарбойҷони Ғарбӣ ва роҳи баргашт боду ҳаво муътадил буд.
Ӯ зикр кардааст, ки ҳангоми сафар дар масири парвози онҳо меҳ (туман) набуд, абрҳо аз болои чархбол андаке баланд будаанд ва халабони чархболи президент ба халабонҳои ду чархболи дигар фармон додааст, ки аз абрҳо боло бароянд.
“Пас аз тақрибан 30 сония чархболи раиси ҷумҳур нопадид шуд ва тасмим гирифтем, ки баргашта, чархболи гумшударо ҷустуҷӯ кунем. Фосила байни муколамаи охирини халабонҳои чархболҳо на бештар аз якуним дақиқа буд”, - гуфтааст Исмоилӣ.
Ӯ зикр кардааст, кӯшишҳои онҳо барои тамос бо халабони чархболи раиси ҷумҳур дар лаҳзаҳои аввали ҳодиса бесамар будааст. Чанде пас, ба халабони чархболи онҳо Алӣ Ҳошим, имоми масҷиди ҷумъаи устони Табрез, ки ҳамроҳи Раисӣ дар як чархбол буд, занг зада, гуфтааст, “худамро хуб ҳис намекунам, намедонам, чӣ шуд, намедонам, ки дар куҷоям, зери дарахтонам, ман намебинам ҳеҷ касро, ман танҳо ҳастам”.
Ин лаҳза маълум шудааст, ки чархболи “Bell 212”-и раиси ҷумҳур суқут кардааст.
“Мо бо Алӣ Ҳошим ҳудуди се соат, то вақти маргаш, тамос доштем”, - иброз доштааст Исмоилӣ.
Дар мавриди боду ҳаво Исмоилӣ такроран зикр кардааст, ки “масири аввал аз Табрез то Оқбанд ва аз онҷо то сарбанди Қиз‑қаласӣ ҳаво муътадил буд ва дар роҳи бозгашт дар водӣ абрро мушоҳида кардем”.
“Он вазъияте, ки дар наворҳо нишон дода шудааст, баъди се соати суқути чархбол аст, ки дар он макон обу ҳаво хеле тағйир ёфта буд”, - таъкид кардааст Исмоилӣ.
Бояд гуфт, дар расонаҳо номусоидии боду ҳаво чун яке аз сабабҳои суқути чархбол зикр мешавад, аммо хабаргузории ИРНА ахиран навишт, ки сабаби суқути чархбол метавонист мушкилоти фаннӣ бошад.
Дар дохили чархболе, ки президенти Эрон Иброҳим Раисӣ қарор дошт, инчунин вазири умури хориҷӣ Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён ва боз шаш мақомдори дигар қарор доштанд, ки ҳама ҷон доданд. Ин ҳайат аз маросими ифтитоҳи садди “Қиз Қалъасӣ” дар сарҳад бо Озарбойҷон бармегашт, ки дар он инчунин президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ҳам иштирок кард.
Иди саиди Қурбон муборак!
“Сӯи душман тез кардам ман қаламро...”. Зулфия Атоӣ 70-сола шуд
Чӣ гуна як зани афғонистонӣ дар Тоҷикистон ба паноҳҷӯён ҷои кор медиҳад?
Интихоботи Эрон. Кӣ президент мешавад ва муносибат бо Тоҷикистон тағйир мехӯрад?
“Муллои ҷинбарор” боздошт ва бо пардохти ҷарима озод шуд
Саидҷаъфар Усмонзода аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум ва боздошт шудааст
Дар Иди Қурбон дар куҷои Душанбе чорво забҳ кардан мумкин аст?
Боздошт ва ҳабси шавҳари блогери тоҷик баъди шикояташ оид ба хушунат
Дар Петербург зани тоҷик худро аз паси писари аз тиреза афтодааш ба замин партофт
Русия ба Тоҷикистон 275 ҳазор китоби дарсӣ мефиристад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста