Як ҳавопаймои масофирбари ширкати “Azerbaijan Airlines"-и Озарбойҷон, ки аз Боку ба шаҳри Грознийи Чеченистон парвоз мекард, дар наздикии фурудгоҳи минтақаи Оқтауи ҷануби Қазоқистон суқут кардааст.
Ба иттилои расонаҳо, дар дохили ҳавопаймо 62 мусофир ва 5 сарнишин қарор доштанд.
Ширкати "Azerbaijan Airlines" тасдиқ кардааст, ки ки ҳавопаймои "Embraer 190" бо рақами J2-8243 аз Боку ба Грозний парвоз мекард, вале маҷбур шуд дар 30 километрии Оқтау нишасти изтирорӣ анҷом диҳад.
Хабаргузории “КазТаг” аз қавли мақомоти беҳдоштии Қазоқистон навиштааст, ки 29 нафар осеб дидаанд ва аз ин 27 касро ба беморхона бурдаанд, ки 11 нафари онҳо дар шуъбаи эҳё мебошанд. Тақдири мусофирони дигар ҳанӯз маълум нест.
Дар байни осебдидагон 2 кӯдаки 11 вҷа 16 –сала ҳам будаанд, ки онҳоро барои ҷарроҳӣ омода мекунанд.

Дар бораи ҳалокшудагон маълумоти расмӣ дар даст нест. "КазТаг" навиштааст, ки “дар ҷои ҳодиса чор ҷасад сабт шудааст”.
Сабаби суқути ҳавопаймо гуногун шарҳ дода мешавад.
“РИА Новости” бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии Озарбойҷон навишт, ки сабаби суқути ҳавопаймои Embraer 190 метавонад бархӯрдан бо гурӯҳи парандагон бошад.
Ҳамчунин, маълумот дар бораи таркиши баллони оксиген дар дохили ҳавопаймо пайдо шудааст.
Радиои Озодӣ навиштаст, ки “бино ба як хабар, туман (меғ)-и зиёд сабаби тағйири самти парвози ҳавопаймо шудааст”.
“Baza" навиштааст, ки хатари ҳамлаи бесарнишинҳо метавонад сабаби тағйири самти парвози ин ҳавопаймо шуда бошад.
Раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев, ки айни ҳол дар Русия ҷиҳати иштирок дар саммити ИДМ қарор дошт, бинобар суқути ҳавопаймо сафарашро қатъ карда, ба Боку бармегардад.
Бо фармони ӯ як ҳайати давлатии Озарбойҷон ба Қазоқистон фиристода шудааст, то сабабҳои суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines”-ро дар ҷойи ҳодиса таҳқиқ намояд.





Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста