Артиши Ҳинд (Ҳидустон) эълон кард, ки шаби 7-уми май дар чаҳорчӯбӣ амалиёти “Синдур” ба “зерсохторҳои террористӣ” дар Покистон ва Кашмири таҳти идораи Покистон зарба задааст. Исломобод гуфтааст, ки дар пайи ин ҳамла дастикам 8 нафар, аз ҷумла 2 кӯдак, кушта ва 35 нафар захмӣ шудаанд. Нахуствазири Покистон гуфт, “ба ин иқдоми ҷангии Ҳинд хеле зуд” посух хоҳанд дод.
Танишҳо миёни Ҳинду Покистон, ки ҳарду силоҳи ҳастаӣ доранд, моҳи гузашта ба дунболи кушта шудани 26 нафар дар ҳамлае дар минтақаи сайёҳии Паҳалгам дар Кашмири таҳти идораи Ҳиндустон оғоз шуд. Ҳинд ҳамсояи худро ба ҳимоят аз ин ҳамла муттаҳам кард ва қавл дод, ки омилону ҳомиёни ҳамларо таъқиб хоҳад кард.
Покистон ин итиҳомро рад карда ва дар рӯзҳои ахир гуфта буд, ки бар асоси иттилоъоте, ки дар даст дорад, Ҳинд дар ҳоли барномарезии ҳамла ба Покистон аст.
Хабаргузории BBC навишт, ки Ҳинд бо нашри як баёния гуфт, дар ҷараёни амалиёти “Синдур", зерсохторҳое ҳадаф қарор гирифтанд, ки ҳамлаи моҳи гузашта "аз онҷо барномарезӣ ва раҳнамоӣ шуда буд".
Артиши Ҳинд афзуд, ки иқдомҳои ин кишвар, "санҷида буда ва "ҳеҷ пойгоҳи низомии Покистон ҳадаф қарор нагирифт".

"Ҳеҷ як объекти низомии покистонӣ ҳамла нашуд. Ҳинд эҳсоси худдорӣ ва хирадмандии зиёд нишон дод, вақте ки мақсадҳо ва усулҳои зарба заданро интихоб кард," - изҳор намуд Ҳинд.
Вале Покистон иддаъо кард, ки Ҳинд дар ҳамлаҳои худ на “зерсохторҳои террористӣ”, балки ғайринизомиёнро дар Покистон ва Кашмири таҳти контроли ин кишвар ҳадаф гирифтааст.
Ба гуфтаи артиши Покистон, Ҳинд ба шаш ҳадаф дар се минтақаи Покистон 24 ҳамла анҷом додааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки яке аз зарбаҳо ба як масҷид анҷом ёфтааст.
Шаҳбоз Шариф, нахуствазири ин кишвар ҳамлаи Ҳиндро шадидан маҳкум кард, онро "ҳамлаи хиёнаткорона" номид ва ваъда дод, ки Покистон ҷавоб хоҳад дод.
"Ҳамаи ҳавопаймоҳои ҷангии Нерӯҳои ҳавоии мо ба ҳаво бардошта шуданд”, - гуфтааст ӯ.
Хоҷа Муҳамад Осиф, вазири дифои Покистон ҳам ин ҳамларо маҳкум кард ва гуфт, ки Покистон "дар замон ва макони муносиб ҷавоб хоҳад дод", - хабар медиҳад "Медуза".
Исломобод ҳамчунин гуфт, ки ба Ҳиндустон ҳамлаи ҷавобӣ анҷом додааст. Атовулло Тарар, вазири иттилооти Покистон зикр кардааст, ки Покистон 5 ҳавопаймои қиркунанда ва 1 паҳпод (ҳавопаймои бесарнишин)-и Ҳиндустонро сарнагун сохтааст.
Дар ҳамин ҳол, артиши Ҳинд эълом кард, ки дар ҳамлаҳои ҷавобии Покистон дар наздикии марзи ду кишвар дар минтақаи Кашмири зери контроли Ҳинд 3 ғайринизомӣ кушта шудаанд.
Дар пайи даргириҳо байни ду кишвар Ҳинду Покистон мактабу донишгоҳҳои минтақаҳои наздисарзиро ба таътил равон карданд.
Покистон ҳамаи парвозҳо ва фаъолияти фурудгоҳҳои Лоҳур ва Исломободро барои 48 соат боздоштааст.
Дар аввалин вокунишҳои ҷаҳонӣ ба ин ҳамла, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ҳамлаи Ҳинд алайҳи Покистонро "шармовар" хонд.
"Онҳо солҳои зиёд якдигарро мезананд — ва ҳатто асрҳо, агар дурусттар фикр кунем... Ман танҳо умедворам, ки ин ба зудӣ анҷом хоҳад ёфт," — гуфтааст Трамп.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид низ хостори хештандории Ҳинд ва Покистон шудааст.
BBC бо такя ба Вазорати хориҷаи Эрон хабар додааст, ки қарор аст Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷаи ин кишвар пас аз чанд соат ба Деҳлӣ сафар кунад. Дар ин сафар Ароқчӣ бо Драупади Мурму, раиси ҷумҳури Ҳинд ва Субраҳманём Ҷайшанкар, вазири хориҷаи ин кишвар дидору гуфтугӯ мекунад.
Ароқчӣ чанд рӯз пеш ба Покистон сафар карда, бо Осим Мунир Аҳмадшоҳ, раиси ситоди артиши Покистон ва нахуствазир Шаҳбоз Шариф мулоқот карда, ҳарду кишварро ба хештандорӣ даъват кард ва аз ҳамсояҳо хоста буд, ки аз ташдиди танишҳо худдорӣ кунанд.
Эрон қаблан ба Ҳинд ва Покистон пешниҳод карда буд, ки омода аст дар баҳси ҷадиди ду кишвар, ки ҳоло ба як даргирии низомӣ табдил шудааст, миёнаравӣ кунад.
Муноқишаи тӯлонӣ миёни Ҳинд ва Покистон пас аз як ҳамлаи ҷангҷӯён дар шаҳри Пахалгам дар рӯзи 22 апрели соли равон авҷ гирифт, ки дар он 26 сайёҳ кушта шуданд.
Ҳиндустон Покистонро дар пуштибонӣ аз ҳамлагарон муттаҳам кард, аммо Покистон ин иттиҳомро рад кард ва хостори таҳқиқи мустақил шуд.
Нарендра Модӣ , сарвазири Ҳиндустон қавл дод, ки ҳар касеро, ки дар ҳамла даст дорад, муҷозот хоҳад кард ва гуфт, ки артиши Ҳинд "озодии комили амалиётӣ" дорад, то тасмим бигирад, ки кай ва чӣ гуна ба ҳамла вокуниш нишон диҳад.