Рӯзи 23 июл дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ нахустин мусобиқа байни дастаҳои миллии футзал оғоз шуд.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии нахустинаш дар мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» аз барандаи медали биринҷии Ҷоми Осиё-2022 – дастаи Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд.

Гуфта мешавад, дар вохӯриҳои дигар дастаи Афғонистон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 5:4 ва дастаи Туркманистон бар футзалбозони Эрон бо ҳисоби 2:1 пирӯзӣ ба даст оварданд.

Бозиҳои даври дуюми мусобиқа имрӯз, 24 июл дар Маҷмааи бисёрсоҳавии Душанбе баргузор мешаванд. Соати 14:00 вохӯрии дастаҳои мунтахаби Эрон ва Қирғизистон, соати 17:00 - Ӯзбекистон ва Афғонистон ва соати 17:00 - Тоҷикистон ва Туркманистон доир мегарданд.

«CAFA Futsal Cup-2023»

Даври 2

24 июл (душанбе)

14:00 Эрон – Қирғизистон

17:00 Ӯзбекистон – Афғонистон

20:00 ТОҶИКИСТОН – Туркманистон

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.