Дар Душанбе нахустин мусобиқа байни дастаҳои миллии футзал - «CAFA Futsal Cup-2023», ки таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор шуд, бо пирӯзии дастаи Эрон ба охир расид.

Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар даври охири мусобиқа мунтахаби Тоҷикистон аз тими Эрон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Дар ду бозии дигар Ӯзбекистон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 4:0 ва Афғонистон бо ҳисоби 3:2 бар дастаи Туркманистон дастболо шуданд.

Ба ин тариқ, тими мунтахаби Эрон, ки дар 5 бозӣ соҳиби 12 имтиёз шуд, дар ин мусобиқа ғолибият ба даст овард. Дастаи Афғонистон бо 10 хол зинаи дуюм ва Ӯзбекистон бо 9 хол зинаи сеюмро ишғол намуданд.

1/12

Мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон бо касби 7 имтиёз дар зинаи 4-ум қарор гирифт. Мунтахаби мо таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 4:2 ва Қирғизистон - 5:3 ғолиб омада, аз тимҳои Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:4 ва Эрон - 0:1 шикаст хӯрд ва вохӯриро бо тими Афғонистон мусовӣ - 2:2 анҷом дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.