Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар мавриди истифода аз ҳарими ҳавоӣ ва фурудгоҳҳои ҳамдигар дар ҳолатҳои изтирориро имзо намуд. Созишномаи мазкур, 10-уми июни соли 2021, зимни боздиди сарвари давлати Ӯзбекистон аз Тоҷикистон, ба имзо расидааст.

Тавре хабаргузории kun.uz иттилоъ медиҳад, қаблан ин созишнома аз ҷониби ҳарду палатаи парлумони Ӯзбекистон низ ба тасвиб расида буд.

Ба навиштаи ин расона, ҳадафи аслии созишномаи мазкур, муайян намудани қоидаи ягонаи истифода аз ҳарими ҳавоӣ ва фурудгоҳҳо дар ҳолатҳои изтирорӣ ё фавқулода барои ҳавопаймоҳои давлатии ду кишвар мебошад.

Тибқи шартномаи мазкур, дар ҳолати пеш омадани вазъи изтирорӣ ё ҳолати фавқулода ҷонибҳо метавонанд аз ҳарими ҳавоӣ ва фурудгоҳҳои ҳамдигар барои муддати муайян истифода баранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.